Хонафӯруши қалбакӣ дастгир шуд

Кормандони милитсияи шаҳри Конибодом марди 32 солаи сокини ҳамин шаҳрро дастгир намуданд, ки бо гумони қалобӣ дастгир намуданд
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодомро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 2-юми декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи он, ки хонаи истиқоматиашро ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ менамояд, аз вай 130 000-рубли русӣ ва 4000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Кормандони милитсия Конибодом нисбати марди 32 сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишотро идома доранд.
Комментарии (0)