Обуҳавошиносон: дар пойтахт ҳавои абрноку боронӣ дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст
Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)