Фарҳанг надонӣ чаро аз фарҳанг гап занӣ!
Чун ҳамагон медонанд фарҳанг – ин маҷмӯи неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиест, ки тӯли таърих инсон тавлид сохтааст ва минбаъд тавлид месозад. Ин неъматҳо тарзи рафтору кирдори тамоми ҷомеа буда аз насл ба насл мерос мегузаранд. Фақат ҳамин фарҳанг метавонад рафтору кирдорро ба тамоми оламиён муаррифӣ кунад. Ҳамин фарҳанг аст, ки инсонро аз кулли зуҳуротҳои ғайр фарқ кунонида, муносибати онро бо олами атроф ба танзим медарорад. Ба вуҷуд оваранда ва муҳофизаткунандаи фарҳанги миллӣ фақат миллат буда, ба ин васила ҳуқуқҳои худро миёни миллатҳои ғайр эмин нигоҳ медорад.
Барои нигоҳ доштану ба наслҳои минбаъда мерос гузоштани фарҳанги миллӣ мебояд дар Ватан буд, бо халқу миллати худ буд, на чун бархе ба монанди Кабирию ҳам маслакон берун аз Ватан шуда, доир ба фарҳанги миллии халқи тоҷик ҳарф зад. Дар диёри бегона нишаста метавон фарҳанги миллӣ худро гум карда, фарҳанги миллатеро ба даст наоварӣ. Бо як сухан: мубаддал гардӣ ба як шахси бефарҳанг. Дар пушти хоҷагон нишаста, ки худ бегонаӣ аз фарҳанги миллӣ чӣ ҳарф занӣ!
Кабирӣ ва ҳам маслаконаш бо суханҳои худ иқрор карда истодаанд, ки онҳо аз ин миллату аз ин халқ нестанд. Зеро гуфтаанд: “Мегӯянд, онҳо мекунанд – ку, онҳо карданд –ку, ҳатто аз телевизиони давлатиашон ин корро мекунанд...” Худ қазоват баред, магар ин гуфтаҳо ишора бар он надорад, ки онҳо бо ҳамдигар доир ба халқу миллати дигаре гуфту гузор доранду мехоҳанд бо тӯҳматҳои хеш нигаҳдорандаи фарҳанги миллати тоҷик бошанд. Агар шахс дустдори миллату халқи хеш бошад, нигаҳдорандаи фарҳанги миллӣ бошад, ба гуфтаҳои хоҷагон амал накарда аз паси “бо пулу бе пул” наворҷамъкунӣ накарда, дар Ватан ҳимояи фарҳанги миллӣ мекунад.
Шукр Худоро, ки халқи тоҷик, миллати тоҷик имрӯз дорои чунон қудрату тавоноие шудааст, ки дар Ватан буда, фарҳанги миллии хешро нигоҳ медорад. Имрӯз худшиносии миллӣ ба дараҷае расидааст, ки он муҳити солими амнияти фарҳангиро дар ҳоли ҷаҳонишавӣ таъмин мекунад. Бо дарки ин мушкилот аъзои миллат дар ҳифзу амнияти фарҳанги миллӣ масъулияти бештаре ба дӯш дошта, бояд дар Ватан бошад. Имрӯз мо ватандорем!
Кучибоев Ш.И. – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумӣ
https://www.facebook.com/
Комментарии (0)