Обу ҳаво: шабона дар ВМКБ то 30 дараҷа, Суғд то 17 ва Хатлон 9 дараҷа сард мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона аз 3-8 то 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 9-14 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 10-15 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)