< Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон

Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон
Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷии Озорбойҷон барои таҳсили дипломатҳои ояндаи тоҷикистонӣ 5 бурсия ҷудо кардааст

Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттиллоъ дода, афзудаст, ки 5 бурсия барои таҳсил  дар зинаи бакалавр ва магистратура ҷудо шудаанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки таҳсил, ҷойи зист ва суғуртаи тиббӣ барои донишҷӯён ройгон мебошад.

Ба иттилои Вазорати маориф, довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, бояд ҳуҷҷатҳояшонро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, Маркази барномаҳои байналмилалӣ,  то санаи 12-уми феврал аз 14 то 17:00 пешниҳод кунанд.

Ин ниҳод илова кардааст, ки довталабон барои иттилои бештар метавонанд тариқи рақамҳои +992(37)2 21-23-97, 223-23-57 дар тамос шаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий