< Ба вирус роҳ нест: Тоҷикистону Қирғизистон марзашонро мустаҳкамтар карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба вирус роҳ нест: Тоҷикистону Қирғизистон марзашонро мустаҳкамтар карданд

Ба вирус роҳ нест: Тоҷикистону Қирғизистон марзашонро мустаҳкамтар карданд
Мақомотҳои сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон марзи байни ду кишварро мустаҳкам карданд.  Онҳо дар минтақаҳое, ки эҳтимоли иртиботи мардуми ду кишвар калон аст, дастаи иловагии низомиёнро ҷой доданд

 Тоҷикистон ва Қирғизистон барои мубориза бо паҳншавии вируси  COVID-19, марзҳояшонро тақвият бахшиданд.

Тавре Хадамоти марзбони Қирғизистон хабар медиҳад, имрӯз намояндаи марзбонии Қирғизистон дар минтақаи Лайлак бо ҳамтои тоҷикистониаш дар минтақаи Ғончӣ мулоқот кардааст."Хадамотҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сарҳади давлатии байни ҳамдигарро мустаҳкам карданд. Онҳо дар минтақаҳое, ки эҳтимоли иртиботи бевоситаи мардуми ду кишвар калон аст, дастаи изофагии марзбононро ҷой доданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Феълан шумораи гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон 430 нафарро ташкил медиҳад, ки аҳволи 11 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад.  Бино бар маълумоти пешакӣ, бо сироятёфтагон бештар аз 7 ҳазор нафар иртибот доштанд.

Гуфта мешавад, дар кишвар 71 бемори COVID-19 сиҳат шуданд. Панҷ тан қурбони коронавирус гаштанд. 

Дар чанд шаҳри Қирғизистон, аз ҷумла пойтахташ Бишкек ҳолати фавқуллода эълон шудааст. 

Дар Тоҷикистон феълан ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ нашудааст. 

Созмуни умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро пандемия эълон кард. Бино бар омори ахир, дар ҷаҳон 1,8 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 113 ҳазор кас аз он фавтидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий