< Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд...

Зафари Сӯфӣ: Гоҳ ҷосуси Узбекистон ва гоҳ зархариди Эрон мегуфтанд...
Зафари Суфӣ, раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мегӯяд, феълан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст.

Ҳафтанома ва сомонаи “Озодагон” дар Тоҷикистон, ки Зафари Суфӣ, рӯзноманигори шинохта муассиси онҳо буд, баста шуданд. Нашрияи “Озодагон” баъди наздики 12 соли фаъолияташ моҳи январи имсол ва сомонаи хабарӣ баъди 7 сол охири соли 2017 аз фаъолият монд. Ҳафтанома ва сомонаи “Озодагон” дар майдони матбуоти мустақили Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошт.

Талошҳои Зафари Суфӣ барои роҳандозии телевизион бо забони тоҷикӣ дар Қирғизистон низ ноком буд. Чаро? Муассиси гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”, ки дар гузашта ин мавзӯъро шарҳ надода буд, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баъзе тафсилотро баён кард.

Фишор, “чатри наҷот” ва бастани “Озодагон”

Радиои Озодӣ: Мушкил чӣ буд, ки гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар Тоҷикистон ба дунболи ҳам корашонро қатъ карданд?

Бастани сомона ба он марбут буд, ки ҳудуди шаш моҳ хонаводаам дар Тоҷикистон мисли гаравгон буд. Духтарамро дар донишгоҳ азият карданд. Писарам, ки донишомӯз буд, бо мудири мактабаш сӯҳбат карданд, бо ҳамсинфонаш сӯҳбат карданд ва як фазое ба вуҷуд оварданд, ки латмаи равонӣ хурд. Ба хотири онҳо, фаъолияти “Озодагон”-ро дар Тоҷикистон қатъ кардам.

Зафари Сӯфӣ: Аз касе пӯшида нест, ки ҳамаи расонаҳои кишвар тайи панҷ шаш соли ахир дар як вазъи бӯҳронӣ қарор доштанду доранд. Ин бӯҳронро аз чанд ҷанбаъ мешавад баррасӣ кард. Аввалан аз нигоҳи як хабарнигори оддӣ бӯҳронро баррасӣ кунем. Мутаассифона, дарёфти иттилоъ, тасдиқи хабар аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ё шахсиятҳои калидӣ, ки ба иттилоъ асаргузор буданд, душвор шуд. Дарҳо ба рӯйи рӯзноманигорон баста шуд. Хабар ба навъе дар инҳисори бархе ниҳодҳои хабарпарокании давлатӣ қарор дода шуд. Табиист, ки ин вазъ ба мӯҳтавои матлаб таъсиргузор аст. Расонаҳо эътимоди хонандаро аз даст доданд. Агар аз дидгоҳи муассис нигоҳ кунем, бархӯрд ба расонаи мустақил дар кишвар, мисли бархӯрд бо душман буд. Аз соли 2007 вақте аввалин шумораи “Озодагон” нашр шуд, тамоми талошамонро кардем, ки мустақил бошад. Аммо аз соли 2010 расона ба унвони як “душман” шинохта шуд. Бархӯрдҳои бадхоҳонае, ки нисбати “Озодагон” вуҷуд дошт, барои фаъолияти тиҷҷорӣ роҳро баста буд. Ҳар ҷое барои гирифтани паёми бозаргонӣ мерафтем, мегуфтанд, ки “моро аз ҳамкорӣ бо шумо манъ кардаанд”. Тамоми талошамонро кардем, ки гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” мустақил бошад ва аз ҳич касу ҳеч гурӯҳе пуштибон набошад. Беғаразона фаъолият кунад, ҳамчуноне, ки қонун мегӯяд. Мутаассифона, кӯчактарин матлабҳое, ки нашр мешуд, моро даъват мекарданд ва меомаданд ба сари мо. Ба хотире, ки бардоштҳо дигар нашавад ва вазъ бадтар нашавад, фишорҳоро расонаӣ намекардем, эътироз намекардем. Фишор воқеан ба ҳади ногуфтанӣ буд ва ман маҷбур шудам, ки аз соли 2014 аз кишвар берун равам. Бисёр аз матлабҳое, ки бачаҳо нашр мекарданд ва норозигиеро ба бор меовард, масъулияташро ба дӯши ман мегузоштанд. Ё агар матолиби “фабрикаи ҷавоб”-ро меоварданд, ки дар “Озодагон” нашр шавад, мегуфтанд, ки “шумо бо муассис ҳамоҳанг кунед”. Аз ҳамин рӯ, дар хориҷ қарор доштанам, як муддат барои то ҳудуде озодона фаъолият кардани бачаҳо мисли “чатри наҷот” кӯмак кард. Ҳамаро бар дӯши ман вомегузоштанд. Матлабе, ки боиси норизоият мешуд, мегуфтанд, ки ӯ дар сомона гузоштааст ва ё иҷозаи нашр дар ҳафтанома додааст. Аз як тараф таҳти фишор, аз тарафи дигар фаъолиятҳои иқтисодии моро қатъ карда буданд ва гаштугузори ман берун аз Тоҷикистон таҳти назар буд.

Саҳифаи аввали нашрияи "Озодагон" аз 5 феврали соли 2014
Саҳифаи аввали нашрияи "Озодагон" аз 5 феврали соли 2014 

Ҳар ҷое сафар мекардам, дар фурудгоҳҳои хориҷ аз кишвар як ё якуним соат бо ҳар баҳона бозҷӯӣ мешудам. Ростӣ, гаштугузори ман барои тиҷорат душвор шуд. Ин мушкил дар фурудгоҳ бештар бастагӣ дошт ба таъсиси телевизион дар Қирғизистон. Бастани сомона ба он марбут буд, ки ҳудуди шаш моҳ хонаводаам дар Тоҷикистон мисли гаравгон буд. Духтарамро дар донишгоҳ азият карданд. Писарам, ки донишомӯз буд, бо мудири мактабаш сӯҳбат карданд, бо ҳамсинфонаш сӯҳбат карданд ва як фазое ба вуҷуд оварданд, ки латмаи равонӣ хурд. Ба хотири онҳо, фаъолияти “Озодагон”-ро дар Тоҷикистон қатъ кардам. Мо ин фишорҳоро расонаӣ накардем. Ҳамон замоне, ки “Озодагон” фаъоляиташро қатъ кард, гуё бо сабаби молӣ, лекин ин воқеият надорад. Ҳеҷ мушкили молӣ надоштем. Ҳамон замон бо чандсад ҳазор доллар дар Русия моликият харида будам.

Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/exclusive-interview-zafari-sufi-/29740325.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий