< Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст

Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст
Абхазистон тавассути ду гузаргоҳаш "Псау" ва "Ингур" вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба ҳудудаш аз 4 феврали соли равон маҳдуд кард

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҷумҳурии Абхазистон Валерий Бганба дар мулоқот бо сафири Русия Алексей Двинянин хабар додааст, ки кишвараш бо далели зуҳури коронавирус ба 50 шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон роҳ надоданд.

Афзун бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Абхазистон муваққатан низоми додани раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ маҳудуд мекунад.Ин маҳдудият дар ҷумҳурӣ то 7 марти соли равон ҷорӣ мешавад. Табибон кишвар гуфтаанд, ки дар Абхазистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Назорат дар ду гузаргоҳи ҷумҳурӣ "Псау" ва "Ингур" низ пурзӯр карда шудааст.

Пештар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 900 шаҳрванди чинии ба Тоҷикистон воридшуда, таҳти назорати табибони тоҷик қарор доранд.

11 январ Тоҷикистон 47 шаҳрвандашро, ки бештарашон донишҷӯ будан, аз шаҳри Ухан - маркази коронавирус баргардонд. Дертар мақомот хабар доданд, ки 7 нафар тоҷикистонӣ бо далели доштани таби баланд ба Ватан оварда нашуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий