< Тақриз ба рисолаи Д.Шарипов «Муҳаммад ва терроризм» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тақриз ба рисолаи Д.Шарипов «Муҳаммад ва терроризм»

Тақриз ба рисолаи Д.Шарипов «Муҳаммад ва терроризм»

Рисолаи «Муҳаммад ва терроризм» соли 2019 дар чопхонаи гумном дар 53 саҳифа бе иҷозати мақомоти  расмӣ ба нашр расидааст. Муаллиф Далер Шарипов  иддао дорад, бо нашри ин пароканда афкор обрӯи номи шахси таърихиро эҳё намояд. Китобча ба иқрори огоҳони аҳвол ва донангони асрор дар шаҳри Душанбе ба чоп расидааст.  Он чизе ки дар мадди нахуст ба чашм мехӯрад, адами ҳадафмандии ин маҳсули ба ном илмӣ ва нигоштани он мебошад. Зарурати нашри ин қаламфарсоии беҳуда маълум нест. Муаллиф бо тарғиби пояҳои динӣ аз хатти қирмиз убур карда, бидуни дарки воқеият шахсияти олимон ва зиёиёни номии тоҷикро дар муқобила бо шахсияти Муҳаммад мегузорад. Нохудогоҳ ба ҳалқаҳои ифротии дунёбезор нишонӣ ва исмҳои ашхоси огоҳи миллатро, ки барои ободонии Ватан саъю талошҳои зиёд мекарданд, роҳнамоӣ мекунад. Роҳнамоии хатарнок. Чунончи, дар саҳифаи 19-уми ҳамин рисола, ин муаллифи чалласавод мегӯяд: «Барои мисол дар Тоҷикистон, ки 99 фисадаш мусалмон мебошад, якбора ҳуҷуми баъзе бо ном «зиёиён» ба Муҳаммад (С) ва шариат ӯ шурӯъ гардид…» ва боз барои ҳадаф қарор додани олимон илова менмояд: «26 сентябри соли 2003 Абдураҳмон Бобоев мақолае таҳти унвони «Дардҳои дину ойин»-ро ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расонда, китоби муқаддаси Қуръонро ба «Майн Кампф»-и Гитлер баробар донист».   Дар ҳамин саҳифа гуфта мешавад, ки «Олим Ғафуров Қуръон ва фарҳанги Исломиро бо қабеҳтарин шева таҳқир карда онро «ҳамчун вируси зараровар барои ҷомеаи тоҷик ва минтақа» хонд.  Бо ин қаноат накарда ба шахсияти Зиё Абдулло мечаспад ва менависад: «12 июли соли 2005 Зиё Абдулло мақолаи худ таҳти унвони «Шинохтситезии кланҳои клонзо» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ба нашр расонд ва дар он мақола Муҳаммадро  «аз Чингиз маънависитезтар» донист. Шарипов Д. фикр намекунад, ки бо ин тавтиагариаш исми олимони тоҷикро хадшадор месозаду боз чун кафтор  дармеафтад: «…ба ин маъракаи зидди Муҳаммад ва шариати ӯ олимону «зиёиён»-и дигари тоҷик, аз қабили шоир Бозор Собир ҳамроҳ шуда «шапкаи Ленин»-ро аз тамоми муқаддасоти Ислом боло донист ва шеърҳо дар танқиди  Паёмбар ва Ислом навишт». Боз идома медиҳад, ки «Раҳим Масов бошад дар як пурсиш масҷидро барои ҷавонони тоҷик зараровар дониста, пешниҳод намуд, ки ҷавононро аз масҷид рафтан манъ кунанд». Ва боз номи олими дигарро ба забон меорад: «Файласуф Комил Бекзода бо чанде аз ҳамсафонаш ба навиштани мақолаву гузориш ва ойин ва фарҳанги исломӣ тохтанд». Ин иқтибосҳоро метавон идома дод, вале хонандаи закиву ҳушёр худ дар асоси фаровардаҳои боло аз рисолаи «Муҳаммад ва терроризм» қазоват кунад, ки то кадом дараҷа рӯҳонияти таассубзада дар симои нигоштаҳои Далер Шарипов ба корҳои бесомони инквизитсияи ифротӣ даст меёзонад ва ба ифротзадаҳо «душманон»-и онҳоро рӯнамоӣ мекунад.            

Д.Шарипов дар бораи вазъияти динии ҷумҳурӣ аз саҳми назарраси ниҳодҳои ҳукуматӣ дар самти мубориза бо ифротгароӣ сухане дар рисола наовардааст, баръакс хеле музахрафот гуфта, масъулиятро дар ин соҳа ғайрихтиёр бар дӯши ниҳодҳои давлатӣ ва зиёини номӣ гузоштааст. Ниҳодҳои давлатӣ вақте ки ҳалқаҳои ифротӣ мисли муши мурда думро боло карда мегурехтанд, дар тӯли фаъолияташ бо такя ба ақли азалии мардуми шарифи тоҷик мушкилотро решаёбӣ карда, зарбаи муҳлик ба ифротандешон зад. Ёдамон ҳаст чанд сол пеш ин ифротиҳо хона ба хона гашта бо ҳидояти наҳзати   бегонапараст одамонро ба бедину бодин ва тақводору бетақво таҷзия карда, баъзеро кофиру мулҳид ва баъзеро мушрику «гумроҳ» эълон мекарданд. Дар ҷомеа либоси бегона ва фарҳанги бегонаро  ривоҷ медоданд. Ришро меъёри имондорӣ ва поҷомаи бадавиро мӯд пиндошта, ҷомеаро ба ҳараҷу мараҷ рӯ ба рӯ мекарданд. Ҳар касе аз ин хати хатарнок тарафдорӣ намекард, кофиру мулҳидаш  эълон медоштанд. 

  Оғози ҷанги шаҳрвандӣ бояд гуфт, ки иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони сатҳинигари қуруни вустоӣ зарбаи сахт ба миллат заданд. Ҳоло бошад дар риславу тафсирҳои ботилашон ин корро идома медиҳанд.  Инҳо агар ба умқи рисала зеҳн биронӣ, маълумам мегардад, ки  майли беандоза ба чаппа нишон додани воқеият доранд ва на танҳо зиндагии имрӯза ва дунявӣ, балки таърихи моро ҳам мехоҳанд, ба гарав гиранд. Муталақандешии таърихӣ, ки хоси ин ҳалқаҳост шаку шубҳаро намепазирад,  ифротиятро барои тоҷик улгу ва идеал метарошад.       
     
Зиёев Субҳиддин, номзади илмҳои филологӣ   

 Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/551394968801216/

Комментарии (0)

Оставить комментарий