< Ал-Ҷазира: Трамп тавсияи раиси артиши Покистонро дар бораи муҳосираи бандарҳои Эрон баррасӣ мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ал-Ҷазира: Трамп тавсияи раиси артиши Покистонро дар бораи муҳосираи бандарҳои Эрон баррасӣ мекунад

Ал-Ҷазира: Трамп тавсияи раиси артиши Покистонро дар бораи муҳосираи бандарҳои Эрон баррасӣ мекунад
​Як манбаи амниятии покистонӣ рӯзи душанбе, 20-уми апрел дар гуфтугӯ бо «Ал-Ҷазира» гуфтааст, ки Трамп ин мавзуъро дар як тамоси телефонӣ матраҳ кардааст.

Трамп гуфтааст, ки тавсияи Осим Мунир дар бораи ин ки муҳосираи бандарҳои Эрон тавассути Амрико монеае бар сари роҳи музокироти сулҳ аст, баррасӣ хоҳад кард.

Пеш аз ин, Эрон таваққуфи муҳосираи дарёӣ ва бандарҳо ва ҳамчунин, озодии захираҳои арзиро аз сӯи Амрико аз пешшартҳои музокира бо Вашингтон унвон карда буд.

Гуфтанист, ки даври нахустини музокироти Эрон ва Амрико дар Исломобод баргузор шуд ва раиси ситоди артиши Покистон нақши муҳимме дар тасҳили ин гуфтугӯҳо доштааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий