< Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст
​​Доналд Трамп чанд соат пеш дар нигоштае дар саҳифаи «Truth Social"-и худ гуфт, ки оташбас то замони ироаи пешниҳоди Теҳрон ва поёни музокирот идома хоҳад ёфт.

«Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки давлати Эрон ба таври ҷиддӣ дучори шикоф шудааст, ки албатта дур аз интизор ҳам набуд ва бино ба дархости артишбад Осим Мунир (фармондеҳи кулли Артиши Покистон) ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон аз мо хоста шудааст, ки ҳамла ба Эронро то замоне, ки раҳбарон ва намояндаҳои онҳо тавонанд пешниҳоди якпорчае ироа диҳанд, боздорем.

Бинобар ин, ман ба Артиши Амрико дастур додаам, ки муҳосираро идома диҳанд ва дар тамоми ҷанбаҳои дигар омода ва тавонманд боқӣ бимонанд, аз ин рӯ, оташбасро то замоне, ки пешниҳоди онҳо ироа шавад ва музокирот ба ҳар гунае, ки ба натиҷа расад, тамдид мекунам», — навиштааст Трамп.




Ин изҳороти Трамп дар ҳоле нашр шуд, ки ӯ чанд соат пеш аз эълони тамдиди оташбас дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, оташбас бо Эронро тамдид нахоҳад кард.
Эрон ба ин изҳороти Трамп то ҳол расман посух нагуфтааст. Хабаргузории эронии «Тасним» навишт, ки Эрон барои ин оташбас дархосте пешниҳод накардааст ва мавқеи Теҳрон «баъдтар расман эълон хоҳад шуд».

Вале қароргоҳи марказии «Хотамуланбиё"и Эрон эълон кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар омодаи ҷанг буда, «дар сурати таҷовуз» ба хоки Ҷумҳури Исломӣ ба он посух хоҳанд дод.

Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи ин қароргоҳ, ҳушдор додааст, ки «бо назардошти таҳдидҳои батакрори раисҷумҳури Амрико ва фармондеҳони артиши ин кишвар», нерӯҳои мусаллаҳи Эрон «дар ҳолати омодабош қарор доранд».​

Ӯ илова кардааст, ки агар ба Эрон ҳамла шавад, Теҳрон омода аст, ки «фавран ва қудратмандона ба ҳадафҳои аз пеш муайяншуда"-и душман зарба занад. 

Покистон ва дабири кулли Созмони миллали муттаҳид аз тамдиди оташбас истиқбол карданд.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон аз Доналд Трамп барои пазириши дархости Исломобод ва дароз кардани оташбас, ки ба гуфтаи ӯ заминаи талошҳои дипломатии ҷориро фароҳам мекунад, ташаккур кардааст.



«Бо эътимод ва итминоне, ки вуҷуд дорад, Покистон талошҳои ҷиддии худро барои ҳалли низоъ тавассути гуфтушунид идома хоҳад дод.

 Ман самимона умедворам, ки ҳарду ҷониб ба риояи оташбас идома медиҳанд ва метавонанд дар даври дуюми музокироте, ки дар Исломобод барои хотима бахшидани доимии низоъ ба нақша гирифта шудааст, ба як созиши ҳамаҷонибаи сулҳ даст ёбанд», — изҳор дошт нахуствазири Покистон.

Стефан Дуҷаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт, оташбас «як қадами муҳим дар самти коҳиши танишҳо ва эҷоди фазои муҳим барои дипломатия ва таҳкими эътимод байни Эрон ва Амрико аст».
Ба гуфтаи ҷаноби ӯ, Антониу Гутериш, дабири кулли ин созмон ҷонибҳоро ташвиқ мекунад, ки ин равандро тавассути вайрон накардани оташбас ва иштироки созанда дар музокирот тақвият диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед эълон кард, сафари Ҷей Дӣ Вэнс, ноиби Доналд Трамп ба Покистон барои музокироти сулҳ лағв шудааст. Интизор мерафт, ки Венс дуюмин бор дар ин моҳ ба Исломобод сафар кунад ва рӯзи чоршанбе бо мақомоти Эрон барои дастёбӣ ба созиши хатми ҷанг вориди музокира шавад.

Ба навиштаи шабакаи «CBS», як мақоми ҳукумати Амрико гуфтааст, ки маълумоти бештар дар бораи музокиротро Кохи Сафед эълон хоҳад кард.
Пеш аз ин хабаргузории «Тасним» навишта буд, ки ҳайати эронӣ барои гуфтугӯ бо амрикоиҳо ба Исломобод намеравад ва тасмими ширкат накардани Теҳрон дар музокирот қатъӣ аст. Ин расона навишт, ки Эрон ба далели вазъияти кунунӣ, иштирок дар ин музокиротро «як навъ талафи вақт» медонад.


Қаблан, Амирсаид Ирвонӣ, намояндаи Эрон дар Созмони миллал гуфта буд, ки агар Амрико муҳосираи баҳрии бандарҳои ҷанубии Эронро поён диҳад, Теҳрон ҳозир аст, ки дар музокироти Исломобод ширкат кунад.

Оташбаси дуҳафтаӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон пас аз 40 рӯзи ҷанг дар Ховари Миёна, ки бо таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуда, бо ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва таъсисоти Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои арабӣ идома ёфта буд, ба даст омад ва имрӯз, 22-юми апрел, бояд ба поён мерасид.

Пас аз созиши оташбаси дуҳафтаӣ Эрон ва Амрико барои хатми ҷанг дар Покистон беш аз 20 соат музокира карданд, вале ба натиҷае даст наёфтанд. Ҷузъиёти ин гуфтугӯҳоро дар ин матлаби мо хонед: Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Сарчашма: asiaplus.news
​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий