< 100 ҳазор сомонӣ. Ҷоизадорони Чемпионати Осиё-2026 қадрдонӣ шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

100 ҳазор сомонӣ. Ҷоизадорони Чемпионати Осиё-2026 қадрдонӣ шуданд

100 ҳазор сомонӣ. Ҷоизадорони Чемпионати Осиё-2026 қадрдонӣ шуданд
​Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар як варзишгари ҷоизадор туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷудочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё-2026 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф гардиданд. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медалҳои нуқраро соҳиб шуданд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг байни занон сазовори медали биринҷӣ гардид.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий