Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
Дар асоси он дар мамлакат беш аз як миллиард бех дарахт бо мақсади барқарорсозии низомҳои экологии ҷангал шинонида мешавад. Ин нукта зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавиии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки 22 апрел дар шаҳри Остона баргузор шуд, баён гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо дахли дастовардҳои мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи муҳити зист изҳор намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ дар кишвар аз 2,5 то 22 фоиз афзоиш ёфт. Илова бар ин, Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро барои ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
Ин тадбирҳо, аз ҷумла ба ҳифз ва афзоиши саршумори бабри барфӣ — яке аз рамзҳои низомҳои экологии кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин бузи пармашох ё морхӯр, гӯсфанди кӯҳӣ ва архар, ки бо номи гӯсфанди Марко Поло маъруф аст, равона гардидаанд.
«Ин ва дигар талошҳои мо ба ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва таъмини эҳтиром ба табиат нигаронида шудаанд», — таъкид намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)