< Рисолае,ки метавонад дар ҷомеаи тоҷик иғво ангезад ё худ чанд андеша атрофи рисолаи Д.Шарифов «Муҳаммад (с) ва терроризм» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рисолае,ки метавонад дар ҷомеаи тоҷик иғво ангезад ё худ чанд андеша атрофи рисолаи Д.Шарифов «Муҳаммад (с) ва терроризм»

Рисолае,ки метавонад дар ҷомеаи тоҷик иғво ангезад ё худ чанд андеша атрофи рисолаи Д.Шарифов «Муҳаммад (с) ва терроризм»

Рӯзҳои охир дар атрофи рисолаи Далер Шариф «Муҳаммад (с) ва терроризм» баҳсҳои зиёд ба руйи кор омадааст. Ва дар ин хусус коршиносон назарҳои мухталиф баён намуданд. Ин баҳс моро низ ба канор нагузошт. Омӯзиш ва таҳлили рисола нишон медиҳад, ки баҳсҳо атрофии рисолаи мазкур беасос набудаанд. Ин ҷо мехоҳем доир ба ин рисола баъзе андешаҳои худро баён созем.  
Пеш аз ҳама бояд таъқид кард, ки рисола биниши илмӣ надошта, бештар хусусияти эҳсосотӣ дорад ва дар сатҳи фаҳмиши мардуми авом ва ҷавонони ноогоҳ навишта шуда, кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ба торҳои ҳисси ин қишри аҳолӣ таъсир гузорад. Дигар ин ки рисола пурра дар руҳияи андешаҳои ихвонӣ (созмони «Ихвону-л-муслимин»- Бародарони мусулмон) иншо гардидааст, ки ба ин далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд.
  1. Дар иншои рисола Далер Шариф асосан аз адабиёти мубаллиғони «Ихвону-л-муслимин» истифода кардааст. Дар он андешаҳои асосгузори созмони мазкур Ҳасан ал-Банно, идеологи машҳури он Саид Қутб, ки дар ташаккули афкори ифротии ҳаракати ифротии исломӣ низ саҳми калон дорад, пурра эҳсос мегарданд. Дар рисола муаллиф кӯшиш кардааст, ки таърихи пайдоиш ва густариши исломро таҳриф сохта, ҳодисаҳои таърихиро бидуни биниши таърихию илмӣ баррасӣ намояд. Дар он таърихи ҳамаи халқҳо, ба вижа халқҳои қадими ботамаддун ба мисли эронтаборон, юнониён, ҳиндуҳо, чиниён ва дигарон, бо таърихи «замони ҷоҳилия»-и араб айният дода шуда, мавриди таҳқир қарор мегирад. Ҳадафи муаллим ин ҷо аз байни бурдани хотираи таърихии мардуми тоҷик ва шикастани ҳувийяти миллии онҳо буда, албатта, дар таассубгаро ва ифротӣ шудани онҳо таъсиргузор аст. Муаллиф кӯшидааст, ки ба мардуми авом ва ҷавонони ноогоҳ собит созад, ки замони пайдоиши ислом «тамоми ҷаҳон дар ботлоқи фасоди ахлоқӣ ва бебандуборие ба сар мебурд. Ва дар ҳеҷ ҷои ҷаҳони он вақта гурӯҳ ё кишваре вуҷуд надошт то инсоният битавонад дар пайравӣ аз он худро ба ахлоқе, ки  хоси инсонӣ аст, ороста наморяд». (с.23) Чунин хулосабарории Далер Шариф на танҳо инкори тамаддунҳои тоисломӣ, аз ҷумла тамаддуни мардумони эронӣ ба мисли тоҷикон, ки онҳоро ба гурӯҳи халқҳои бадахлоқ ворид сохтааст, ҳамчунин инкори худи гуфтаҳои Қуръону Суннат аст, ки пайравони яҳудия, насронӣ ва зардуштияро аз «аҳли китоб» медонанд ва пайғамбари ислом бо ишора ба Салмони Форс гуфта буд, ки форсҳо қавме мебошанд, ки агар илм дар сурайё бошад, барои онҳо дастрас аст.      
  2. Рисола дар руҳияи бадбинӣ нисбат ба Ғарб ва яҳудиён навишта шудааст, ки хусусияти низоъандозӣ дошта, метавонад кинаю бадбинии давлатҳои Ғарб ва яҳудиёнро нисбати тоҷикон барангезад. Ин андешаи муаллиф аз ақидаҳои асосгузори созмони «Бародарони мусулмон» Ҳасан ал-Банно ва идеологи он Саид Қутб, ки ҷаҳони муосирро ба «ҷомеаи исломӣ» ва «ҷомеаи ғариисломӣ» тақсим мекард ва «ҷомеаи ғаёриисломи»-ро «ҷомеаи ҷоҳилона» меномид, бармеояд.
  3. Дар рисола бо роҳи инкор кардани он, ки мусулмонон яъне араб бо ягон қавму халқи мусулмоншуда ҷанг (ҷиҳод) накардааст на танҳо аз ҷониби араб истило шудани халқҳои дигар аз ҷумла эронзаминро ҳақ мебарорад, балки ин ҷангҳоро «ҷиҳод дар роҳи Худо» меҳисобад: «ширк ва бутпарастӣ бо тамоми шаклҳои ошкору пинҳони худ дар ҳар асру ҳар муҳит ва дар ҳар ҷомеа мавзӯи  ҷанг ва фаъолиятҳои пайғамбарон будааст». (с.41)  Ин андеша низ ақидаи ихвонист. Зеро ихвониҳо ҷомеаи муосир, бахусус «ҷомеаҳои ғайриисломӣ» ва низомҳои дунявиро «ҷомеаҳои ҷоҳил» меноманд, пас ҷиҳод муқобили онҳо дуруст мебошад. 
  4. Рисола бо риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Муаллиф таъқид менамояд, ки «мусулмонон бояд талош намоянд ки аз тариқи роҳҳои мусолиматомез ба ҳукумат ва давлатдорӣ шомил шуда, аз ин тариқ метавонанд ҳадаф ва барномаҳои исломии худро ба роҳ монанд ва дар низоми давлатдорӣ ширкат варзанд. Ҳатто аз ин тариқ метавонанд то ба сатҳи роҳбарии кишварҳо бирасанд. (с.12) Ҳамчунин муаллиф талаб менамояд, ки «ҳукумати Тоҷикистон барои шинохти саҳеҳ ва комил аз ҳаёти Расулли акрам (с) чорабиниҳо ва барномаҳоро омода карда, онро миёни ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон тарғибу ташвиқ намоянд». (с.50) Ҳол он ки дар давлати дунявӣ дин кори хусусии ҳар кадом фард аст. Ин усули таълими исломро, ки муаллиф талаб дорад хоси ихвониҳо мебошад. Масалан, ихвониҳо дар мактабу донишгоҳҳои Миср дар давраи фаъолияти озод доштанашон, дар солҳои 70-уми саддаи ХХ, дар низоми маориф ҷой гирифта, маҳз ҳамин усули таълимро байни ҷавонон ҷорӣ карда буданд. Ҳамзамон, муаллиф меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карда, баробарии динҳоро инкор намуда, афзалияти исломро таъкид месозад ва ин ақидаи худро мутобиқ ба Қуръон ва шариат шуморида мегӯяд: «ҳеҷ мактаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрӣ дорои чунин манбаи бузург бо ин хусусиятҳо ва вижагиҳо дар дунё вуҷуд надорад». (с.48)
  5. Дар рисола муаллиф на танҳо фарҳангу арзишҳои тоисломии тоҷиконро «ботил»-у «ҷохилона» меҳисобад, ҳамчунон ӯ зиёиёни тоҷик, ки аз ин арзишҳо ба некӣ ёд карда, онҳоро ҳифз кардан мехоҳанд, таҳқир намуда, ба исломситезӣ гунаҳкор менамояд то ки бадбинию нафрати мардум бахусус ҷавононро, нисбати «профессорҳо», «академикҳо», «шоирон», «зиёиён», «равшанфикрон» ташаккул диҳад. Аз ин гузашта ба таҳқири шахсии онҳо даст мезанад, ки аз рӯи қонун ҷавобгарӣ дорад. ӯ чунин менависад, ки «онҳо худ то ҳол шустани дасту руй ва пӯшидани либосро наомӯхтаанд». Бояд гуфт, ки рисола мувофиқ ба таълимоти Ҳасан ал-Банно ки мубориза барои азхудкардани тафаккури одамонро як навъи ҷиҳод «ҷиҳоди идеологӣ» меномид, мебошад. (с.19-20, 27,29,48) Дар маҷмӯъ рисола дар руҳи зидимиллӣ навишта шуда, хусусияти миллатситезиро дорад. 
  6. Рисола исломро ба тамоми ҷаҳониёни ғайриислом муқобил мегузорад ва оташи ҷангафрузиро бармеафрузад ва онро як навъ ҷиҳод меҳисобад. (с.35)    
Дар маҷмӯъ чоп ва паҳн шудани рисолаи мазкур дар ҷомеъ метавонад боиси барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ гардад.  

Ҳафизов Муҳаммадинъом, 
аспиранти факултети иқтисод ва идораи ДМТ 

Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/551397665467613/

Комментарии (0)

Оставить комментарий