Далер Шарифов қаҳрамон нест, миллат бояд қаҳрамонҳои худро шиносад

Амалеро, ки имрӯз масъулони расонаҳои хабарии наҳзатӣ ва як идда журналистони дигар вобаста ба боздошт шудани Далер Шарифов анҷом медиҳанд, манфуртарину нангинтарин мебошад. Боиси таасуф аст, ки баъзе намояндагони қишри зиёӣ дар ин масъала ба ифротиҳои наҳзатӣ баробар шудаанд. Амали онҳоро дигар хел шарҳ додан мумкин нест, зеро ба хотири дастгирии як ҷинояткор бо нашру паҳн кардани матолиби ғаразнокашон афкори мардумро террор мекунанд. Онҳо аз як нафар ифротгаро, ки тамоми фаъолияташ мухолифи манфиати мардум аст, «қаҳрамон» тарошиданианд. Далер Шарифовро як журналисти мубориз ҷилва дода, ҷомеаро ба иштибоҳ бурданианд ва мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Ин як русиёҳӣ, бешарафӣ ва хиёнаткорист! Ҷойи ҳайронӣ надорад. Одам агар дидаю дониста ҷинояткорро дастгирӣ кард, аз ӯ «қаҳрамон» сохтанӣ шуд ва бо истифода аз ин фурсат мақомоти кишварро туҳмат кард, на шараф дораду на номус, балки чунин нафар худаш ҷинояткор аст. Дар ин шубҳае буда наметавонад. Журналистон бояд ин нафарро пуштибонӣ не, балки маҳкум кунанд. Зеро бо ҷинояту кирдори ғайриқонуниаш ӯ ба пешаи журналистӣ ҳам хиёнат кардааст.
Бадбахтӣ дар он аст, ки ҳамаи он нафарон, ки имрӯз аз Далер Шарифов пуштибонӣ мекунанд ва аз вай мусичаи бегуноҳ сохтанӣ мешаванд, ин амалро бадқасдона мекунанд. Зеро онҳо ки будани Далер Шарифовро аниқ медонанд, огоҳанд, ки ӯ як ифротии мутаассиб аст.
Дуруст аст, ки Далер Шарифов журналист аст ва дар ин соҳа фаъолият дошт. Аммо агар журналист ҷиноят содир кард, уро ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест? Агар журналист пайрави ташкилоти террористию экстремистӣ бошад ва ақидаҳои ифротиро таблиғ кунад, бояд ба ӯ ҷазо дода нашавад?
Шояд як қисми хонандагон дар бораи Далер Шарифов маълумоти саҳеҳ надошта бошанд ва гумон кунанд, ки уро ноҳақ дастгир кардаанд. Аммо ҳаргиз чунин нест. Далер Шарифов бо вуҷуди маълумоти олӣ доштану журналист буданаш, як нафари мазҳабзадаи ифротист. Ӯ вобастаи хонаводаи Тураҷонзодаҳо буда, аз хурдӣ дар назди онҳо таълимоти динӣ гирифтааст. Бо пули онҳо таҳсил кардааст. Бо ташкилоти террористии наҳзатӣ иртибот дорад ва мувофиқи дастури онҳо фаъолияти журналистию эҷодиашро роҳандозӣ мекард. Агар китобу мақола ва дигар матолиби эҷодкардаи уро аз назар гузаронед, дарк мекунед, ки то кадом андоза ақидаҳои радикалӣ дорад. Пайрави ақидаҳои ҳаракати экстремистии «Ихвон ул муслимин» будани ӯ аз навиштаҳояш баръало маълуманд. Яке аз таблиғгарони ақидаҳои ифротгароёна мебошад. Яъне бо амалу эҷодиёташ вай ҷиноят содир кардааст. Пас, чӣ тавр мақомот уро боздошт накунад?
Ҳамаи онҳое, ки Далер Шарифовро пуштибонӣ доранд ва аз ӯ «қаҳрамон» сохтанианд, бояд ба худ оянд, зеро ин гуна амали ноҷавонмардона худаш ҷиноят ва хиёнат аст. Хиёнат ба Ватану миллат, хиёнат ба қонун, хиёнат ба пешаи журналистӣ. Ба ҷойи дастгирии ин ҷинояткор журналистон мебоист дар бораи қаҳрамонҳои асили миллат менавиштанд, то мардум онҳоро мешинохт.
Чандин афсарону сарбозони тоҷик солҳои охир дар ҳифзи Ватан, дар мубориза бар зидди сарҳадшиканону ҷинояткорон ҷони худро аз даст додаанд. Қаҳрамонони ҳақиқӣ ва тоҷики асил инҳоянд. Дар бораи ин фарзандони миллати тоҷик бояд журналистон мақола нависанд, адибон асар эҷод кунанд. Миллат бояд қаҳрамонҳои худро, ки анъанаҳои неки гузаштаи халқи тоҷикро идома дода, Ватанро бар ивази ҷонашон ҳифз кардаанд, шиносад. Насли наврас бояд аз корномаҳои ин далерони шуҷоъ ибрат гирад ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёбад.
Ҳар як журналист ё нафари дигар, ки агар шарафу номус ва заррае ҳисси ватнадӯстӣ дошта бошад, аз Далер Шарифови ҷинояткор пуштибонӣ намекунад. Ӯ қаҳрамон нест!
Умед Пудинаев,
ходими калони илмии АИ ҶТ
ходими калони илмии АИ ҶТ
Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/551397022134344/
Комментарии (0)