< Генерал-лейтенант Муҳаммад Зоҳир ба мақоми сафир дар Тоҷикистон таъин шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Генерал-лейтенант Муҳаммад Зоҳир ба мақоми сафир дар Тоҷикистон таъин шуд

Генерал-лейтенант Муҳаммад Зоҳир ба мақоми сафир дар Тоҷикистон таъин шуд
Вазорати умури хориҷии Афғонистон ба раисиҷумҳур феҳрасти афродеро пешниҳод кардааст, ки қарор аст, ба мақомҳои роҳбарӣ дар намояндагиҳои Афғонистон дар хориҷи кишвар гумошта шаванд

 Бар асоси ин феҳраст, генерал Муҳаммад Зоҳир Ағбари 56-сола, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъин шудааст, хабар дод шабакаи телевизионии Тулӯъ.

Генерал Муҳаммад Зоҳир, ки феълан консули Афғонистон дар Мюнхени Олмон аст, дар гузашта дар мақомҳои низомӣ кор кардааст.

Генерал – лейтенант Муҳаммад Зоҳир Ағбар, собиқ раиси Кумитаи олимпӣ ва консули генералии Афғонистон дар Мюнхени Олмон, аз аъзои тими интихоботии Доктор Абдуллоҳ дар интихоботи президентии соли 2014 буд. Аммо муқаррарии ӯ ба симати сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо ибтикори Амруллоҳ Солеҳ, ҳоло узви тими интихоботии Ашраф Ғанӣ сурат гирифт. Зоҳир Ағбар, бародари Сиддиқ ва Тоҳири Шабоб овозхонони маъруфи Афғонистон аст. Ӯ дар замони муқовимат алайҳи Толибон ба Тоҷикистон рафтуомад мекард ва як фарди ошно буд.

Охирин сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ моҳи декабри соли 2016 ба Душанбе омад ва моҳи майи соли 2018 – як солу шаш моҳ пас бо амри раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай маъмурияташ хатм ва худаш бозхонд шуд. Юнусӣ дар гузашта мушовири Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва дар интихоботи президентии соли 2014 раҳбари ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шимоли Афғонистон буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий