< Мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд

Мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд
Элис Уелс, ноиби аввали котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

 Сафари Элис Уелс ба Тоҷикистон рӯзҳои 6-7 январ сурат мегирад, хабар дода шудаст дар сомонаи расмии Департаменти давлатии ИМА.

Манбаъ афзуд, мақомдори ИМА дар Душанбе бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

“Уелс бо мақомдорони тоҷик манфиатҳои тарафайн аз таҳкими ҳамкориҳо дар умури амнияти минтақавӣ, густариши равобити иқтисодию энергетикӣ ва муносиботи афзояндаи мардуми ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, - омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.

Тафсилоти дигари барномаи сафари мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон нашр нашудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий