ДАРГУЗАШТИ ХОҲАРИ КАЛОНИИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ

Сарвинисо Атовуллоева, хоҳари калонии журналист ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷон Атовуллоев, рӯзи 29 ноябр дар синни 61 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, Сарвинисо Атовуллоева аз бемории саратон ранҷ мекашид ва тақрибан ду ҳафтаи охир баъди ҷарроҳӣ ва химиотерапия аҳволаш вазнин шуда буд. Аз Сарвинисо Атовуллоева 5 фарзанд боқӣ монд. Намози ҷаноза ва маросими дафни марҳума рӯзи шанбе, 30 ноябр дар зодгоҳаш – деҳаи Рукнободи Панҷакент баргузор мешавад.
Наздикони Сарвинисо Атовуллоева, хоҳари калонии роҳбари ҷунбиши "Ватандор” Додоҷон Атовуллоев дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки ҷанозаи марҳумаро барои гӯру чӯб алакай аз Душанбе ба зодгоҳаш – деҳаи Рукнобод овардаанд.
Ба гуфтаи онҳо, Сарвинисо Атовуллоева аз бемории саратон ранҷ мекашид ва ахиран, ягон ду ҳафта қабл билохира ҷарроҳӣ кард. Аммо баъди ҷарроҳӣ ва химиятерапия аҳволи ӯ баракс вазнинтар шуд ва нимаи аввали рӯзи 29 ноябр аз ҳуш рафтааст. Ӯро ба сурати оҷил ба корпуси 10-уми бемористони Қарияи Боло бурдаанд, вале табибон Сарвинисо Атовуллоеваро аз чанги марг наҷот дода натавонистаанд.
Сарвинисо Атовуллоева 61 сол ва 5 фарзанд дошт. Ӯ тақрибан аз авоили солҳои 2000 ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Душанбе ба сар мебурд.
Ин дувумин хоҳари Додоҷон Атовуллоев аст, ки дар Душанбе аз олам чашм мепӯшанд.
Дар аввали соли 2016 Сиддиқа Атовуллоева, як хоҳари дигари Додоҷон Атовуллоев ва ҳамсари журналисти шинохтаи тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод дар манзилаш дар пойтахт дар синни ҳамагӣ 48-солагӣ ба зиндагӣ падруд гуфта буд. Сиддиқа Атовуллоева се фарзанд дошт.
Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори тоҷик аз поёни соли 1992, инак 27 сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ дар Олмон мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтааст ва чанд соли охир дар шаҳри Берлин зиндагӣ мекунад.
Аҳли идораи сомонаи "Ахбор” ба Додоҷон Атовуллоев ва дигар наздикони марҳума Сарвинисо Атовуллоева изҳори ҳамдардии амиқ карда, дуо мекунанд, ки Худованди Азза ва Ҷалла Фирдавси Баринро макони охираташ гардонад.
Ҳамаи мо аз Ӯем ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст!
Сарчашма: https://akhbor.com/-p10603-117.htm?fbclid=IwAR2RVhggJHBPn0rw9IsjYEjtE64ir8vtmrUClPVboNTUquYURLW0ubD1vHg
Комментарии (0)