Рустами Эмомалӣ ҷаласаи вакилони Душанберо даъват кард

Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҷаласаи навбатии вакилони халқи шаҳри Душанберо даъват кардааст, ки 20-уми сентябр дар назар аст
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷумро 20 сентябри соли 2019, соати 9 даъват кардааст.
Макони баргузории маҷлиси вакилон толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 муқаррар шудааст.
Дар назар аст, ки вакилон вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” дар соли 2019-ро баррасӣ кунанд.
Инчунин дар нақша аст, ки муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони навоҳии пойтахт дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар шаҳри Душанбе гузориш таҳия кунанд.
Шаҳрдор қарор кардааст, ки вакилон то санаи 18 сентябри соли равон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ барои такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистум таклифҳоро ироа кунанд.
Комментарии (0)