< Ироқчӣ дар хитоб ба амрикоиҳо: “Ба ҷойи фиреби ҷаҳон дунболи дипломатияи шарафмандона бошед” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ироқчӣ дар хитоб ба амрикоиҳо: “Ба ҷойи фиреби ҷаҳон дунболи дипломатияи шарафмандона бошед”

Ироқчӣ дар хитоб ба амрикоиҳо: “Ба ҷойи фиреби ҷаҳон дунболи дипломатияи шарафмандона бошед”
​Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар посух ба иддаои нави мақомоти амрикоӣ дар бораи омодагии Вашингтон барои оғози музокирот, бо як оҳанги кинояомез чунин гуфтааст: «Ин дикта аст, на музокирот, чӣ расад ба музокироти пурмазмун».

Ӯ бо интиқод аз таърифи нави Амрико аз дипломатия, ният ва ҳадафи Вашингтонро аз музокирот чунин шарҳ додааст: «Мо омодаи музокироти маънодор ҳастем омодаем, аммо ҳуқуқи барасмиятшиносхташудаи байналмилалии худро фаромӯш кунед.»

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар идома чунин афзуда: «Ҷаҳон шоҳид буд, ки мо дар ҳоли музокира будем, ки Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, ба мардуми мо оташ кушояд ва дипломатияро торумор кунад. Ва мо ҳам ҳамон кореро кардем, ки ҳамеша мекунем: касонеро, ки ба мо ҳамла карданд, дарҳол кӯбидем ва коре кардем, ки аз кардаи худ пушаймон шаванд».

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий