< Дар сафорати Афғонистон барои гиромидоштӣ қурбониёни заминҷунбӣ дар шарқи ин кишвар дафтари ёдбуд боз гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар сафорати Афғонистон барои гиромидоштӣ қурбониёни заминҷунбӣ дар шарқи ин кишвар дафтари ёдбуд боз гардид

Дар сафорати Афғонистон барои гиромидоштӣ қурбониёни заминҷунбӣ дар шарқи ин кишвар дафтари ёдбуд боз гардид
Имрӯз, 3-юми сентябр дар Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти  ҷонбохтагони зилзилаи шаби 31-уми август ва 1-уми сентябр, ки беш аз 1400 кушта ба ҷой гузошт, дафтари ёдбуд кушода шуд.

Дар ин бора аз сафорат ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, парчами Афғонистон ба ҳолати нимаафрошта даромад, «то нишоне аз андӯҳ ва ҳамбастагӣ бо мардуми доғдори Афғонистон бошад».

Манбаъ гуфт, касе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафорат наомад, вале Сироҷиддин Муҳриддин, вазир, ба далели дар хориҷи кишвар будан, тариқи телефон ба Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон изҳори таслият баён кардааст.

Сарчашма:  asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий