< Дар пайи заминларзаи шаби гузашта дар Афғонистон беш аз 800 кас ҷон бохтаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар пайи заминларзаи шаби гузашта дар Афғонистон беш аз 800 кас ҷон бохтаанд

Дар пайи заминларзаи шаби гузашта дар Афғонистон беш аз 800 кас ҷон бохтаанд
​Вилояти Кунар бештар осеб дидаастБа иттилои манбаъ, заминларзаи 6-балла дар Афғонистон ҳудуди соатҳои 12 шаби гузашта рух дода, вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон дар шарқи ин кишварро сахт такон додааст.

Намояндагони «Толибон»* гуфтаанд, қисми зиёди қурбониён дар вилояти дурдасти Кунар ба қайд гирифта шудаанд. Мақомоти вилоят гузориш медиҳанд, ки танҳо дар Кунар 500 кас ҷон бохта ва тақрибан 1000 кас захмӣ шудаанд.

Ин заминларза ба ноҳияҳои Ватапур, Манугӣ, Чапа Дара, Сукӣ ва Норгул низ хисороти ҷиддӣ расонида, биноҳои зиёдеро хароб кардааст.

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо назардошти дар зери харобаҳо мондани теъдоди зиёди одамон, эҳтимоли афзоиши қурбониён вуҷуд дорад. Амалиёти наҷотдиҳӣ ба далели маҳалли душворгузар, харобии роҳҳо ва пулҳо ва қатъи шабакаҳои алоқа бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.
Бо вуҷуди ин, дастаҳои наҷотдиҳанда ва сокинони маҳаллӣ барои берун овардани осебдидагон аз зери харобаҳо талош доранд. Дастаҳои ёрирасон аз Кобул ва вилоятҳои ҳамсоя ба минтақаҳои осебдида фиристода шудаанд.

Расонаҳои форсӣ менависанд, ки барои табобат ва муолиҷаи занон ҳоло бо адами табиби зан мувоҷеҳ шудаанд. Яке аз мамониатҳои «Толибон» дар 4 соли ҳукмрониашон таҳсил ва кори занон буд, ки дар ҳаводиси табиӣ ин амалкардашон ба сокинон таъсири бад расонд.
Вокунишҳои байналмилалӣҶомеаи ҷаҳонӣ ба ин фоҷиа вокуниш нишон дода, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), омодагии худро барои расонидани кумакҳои башардӯстона баён карданд.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ба осебдидагони заминларза дар Афғонистон изҳори ҳамдардӣ карда, гуфт, ки кумаки башардӯстона мефиристад.

Кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Покистон, Ҳиндустон ва Эрон, ҳамдардии худро баён карда, барои расонидани ёрии моддӣ ва фаннӣ изҳори омодагӣ карданд.

Тоҷикистон то ҳол ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ накардааст ва маълум нест, ки ёрии башардӯстона мефиристад ё на. Дар ҳаводиси табии солҳои гузашта кишвари мо ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона фиристода буд.
Зимнан, бархе сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахт ҳам шаби гузашта, тақрибан соати 00:15 заминҷунбиро эҳсос карданд. Ҳоло дар бораи заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар Афғонистон заминларзаи 6,3 дараҷа рух дод, ки бар асари он беш аз 1 ҳазору 500 тан ҷон бохтанд. Ин маргбортарин офати табиӣ буд, ки дар Афғонистон рух дод.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Сарчашма:  asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий