Садамаи ду дипломати Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Ба иттилои дарёфтӣ, яке аз онҳо консул ва дигаре масъули атташеи низомии сафорат аст.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки “Toyota Land Cruiser”-и дипломатҳои Ҳинд дар деҳаи Сангевни Дарвоз ба девори сари роҳ бархӯрд.
Мақомот ному насаби онҳоро зикр накарда, аммо гуфтаанд, ки яке 58-сола ва дигаре 41-сола ҳастанд.
Дар айни замон аз ронандагон хоста шудааст, ки дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Комментарии (0)