АРЗИ МАРО ҲАМ ШУНАВЕД… РЕПОРТАЖ АЗ ЗИНДОНИ ЗАНОНАИ НОРАК
Хабарнигорони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз муассисаи ислоҳии ЯС3/8, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст, дидан намуда, бо занони маҳбус ва масъулони ин зиндон ҳамсуҳбат шудаанд. Муаллифони мақола Усмон Раҳимзода ва Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ менависанд: “Вақте кас аз назди ин зиндон гузар мекунад дар зеҳнаш суоле пайдо мешавад: зани тоҷикро чӣ ба зиндон меорад?”
“Дарахти макри зан сад реша дорад,– мегӯяд Робия Алимова. – Дар миёни ин занҳо набояд ҳамаро бегуноҳ дид. Баъзан, шояд аз нодонӣ ё ҷаҳолат ба ҷиноят даст задаанд. Аммо надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Мо инҷо занонро, ки 237 нафаранд, ба гуруҳҳо тақсим кардаем. Зане, ки чор фарзандро кушта буд, модараш ҳам ҷиноятҳои вазнинро содир кардааст. Мо онҳоро сахт назорат мекунем. Баъзеаш аз Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада баргаштаанд…”
Хабарнигорон дар маҳбаси Норак бо Назокат Тоҳирова, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, ки соли 2020 бо бераҳмии махсус фарзандони 2, 5, 8 ва 10-солаи худро кушта буд, низ рӯбарӯ шудаанд. “Ба ҳар савол хомӯшӣ ихтиёр мекард. Аммо нигоҳаш хеле хашмгин ва гӯё бо шер меҷангид”, менависанд муаллифон.
Ва аммо Саёҳат Файзуллоева, ки маълумоти олӣ ва 12 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад, бар асоси моддаи 307 барои иштирокаш дар як эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав маҳкум ба зиндон шудааст.
“Шавҳарам дар Русия буд. Даъват кард, бо фарзандон рафтам. Ин давраи пандемияи коронавирус буд. Кору зиндагӣ ниҳоят вазнин буд. Барои гирифтани суғуртаи тиббии фарзандам ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия рафтам. Аввал чанд бор телефон кардам, гуфтанд, ки онҳо намедиҳанд. Хоҳиш кардам, ки ақаллан кумак кунанд. Чанд рӯз сарсон шудам. Навбатпоӣ, одамони зиёд назди сафорат буданд. Як рӯз назди сафорат гирдиҳамоӣ шуд, рафтам, маҷбур шудам, ки шикоят кунам. Касе ин шикоятро ба навор гирифта, дар интернет гузоштааст. Баъди ин маро депорт карданд. Вақти бозгашт ба Душанбе дастгир карданд. Гуфтанд, ки ту нисбат ба Ватан хусумат, бадбинӣ дорӣ ва барои барангехтани кинаву адоват айбор ҳастӣ. Суд бо ин маро гунаҳгор дониста, равонаи зиндон кард. Ҳарчанд дар толори суд гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ нисбати ватанам бадбинӣ, хусумат надорам ва аз кирдорам пушаймон ҳастам, эътибор надоданд... Албатта, одамони ифротгаро ҳастанд, вале ман аз ин тоифа нестам. Набояд дар дили мо хусуматро ҷой диҳанд. Агар хусумат медоштам, бигзор маро 100 сол равонаи зиндон мекарданд...” нақл кардааст ин маҳбус.
Саёҳат Файзуллоева ду фарзанд доштааст, ки ҳоло дар назди хушдоманаш будаанд: “Гоҳ-гоҳ падару модарам бо фарзандон хабаргирӣ меоянд. Ман ба толибилмон ҳамеша аз дӯстдории Ватан ҳарф мезадам. Акнун чӣ…?! Аламовар аст! Ман тариқи квотаи Президентӣ донишгоҳро хатм кардам. Аввалин гирандаи квотаи Президентӣ дар соли 2000-ум ҳастам”.
Ва аммо бештари маҳбусони зиндони Норак барои ҷиноятҳои ба қавле иқтисодӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла Марҳабо Хоҷаева, омӯзгори собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки ҳоло дар маҳбас масъули китобхона аст, нақл кардааст, ки дар кафедраи этика ва эстетика ба сифати методист кор мекард: “Азбаски бо маоши кам дар пеш бурдани зиндагӣ азият кашидам, хостам тиҷорат кунам. Бо фоиз аз ҳамсояам қарз гирифтам. Аз Туркия либосҳои кӯдакона меовардам ва дар бозори “Корвон” мефурӯхтам. Корам омад накард, хонаро фурӯхта, пулро бо фоиз ба соҳибаш баргардондам, вале забонхат нагирифтам. Чунки ҳамсояамро мешинохтам ва ба ӯ бовар доштам. Пас аз чанд муддат даъво пеш овард, ки пулашро бо фоиз баргардонам. Фарзандонам гуфтанд, ки сабр кунад, бармегардонем. Вале розӣ нашуд, ҳамагӣ се рӯз муҳлат монд. Пули калон, дар ин вақти кам чӣ кор кардан ҳам мешавад? Сарнавишт чунин будааст, ки бо ҳукми суд маҳбасӣ шудам. Афсӯс, исбот карда натавонистам, ки қарзро баргардонидаам...”
Саодат Фозилова, як табиб аз Душанбе, модари 4 фарзанд, ки пеш дар маркази ташхиси тиббии вазорати тандурустӣ кор мекард, низ барои 15 ҳазор доллар қарз ба зиндон афтодааст: “Маошам ҳамагӣ 1200 сомонӣ буд. Барои зиндагӣ кифоят намекард. Маҷбур шудам, ки ба тиҷорат рӯ орам. Аз Истамбул лавозимоти хонагӣ, пойафзоли занона оварда, дар хона мефурӯхтам. Дар буҳрони соли 2016 зарар дидам. Аз мардум пулро бо фоиз мегирифтам. Аз ломбард ҳам қарз гирифтам. Ҳам тилло сӯхт ва ҳам қарздор шудам. Чунки фоиз баланд буд Ниҳоят, дар қарз мондам.
Камтарашро фарзандонам пардохт намуданд. Вале боқимондаашро натавонистам. Хонаро фурӯхта, як қисми қарзамро супоридам. Ҳоло фарзандонам иҷоранишин ҳастанд. Дар суд 9 сол доданд, 2 солу ду моҳаш сипарӣ шуд.”
Ин зан мегӯяд, аз шароити маҳбас шикоят надорад, вале аз ҳама сахт барояш ин аст, ки “аз фарзандон ҷудо ҳастем, мушкил аст. Зиндаҷудоем”.

Комментарии (0)