Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Ба таъкиди Сарвари давлат, боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи ҷумҳурии моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт.
«Ҳанӯз соли 1992 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, ҷумҳурии мо ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё қабул карда шуд. Бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори варзиш, бунёди варзишгоҳҳои муосир, таъсиси мактабҳои махсуси футбол ва ҷалби насли наврас ба ин намуди варзиш гувоҳи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад», — иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)