< Исмоил Бақоӣ: “Дар тавофуқи эҳтимолӣ бо Амрико вазъияти тангаи Ҳурмуз мавриди баҳс нест” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Исмоил Бақоӣ: “Дар тавофуқи эҳтимолӣ бо Амрико вазъияти тангаи Ҳурмуз мавриди баҳс нест”

Исмоил Бақоӣ: “Дар тавофуқи эҳтимолӣ бо Амрико вазъияти тангаи Ҳурмуз мавриди баҳс нест”
​Хабаргузории Тасним рӯзи душанбе, 25-уми май гузориш дода, ки ин мавзуъро Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, дар нишасти хабарии ҳафтаина бо хабарнигорон матраҳ кардааст.

Исмоил Бақоӣ гуфтааст, ки тамаркузи музокирот бар хотимаи ҷанг аст ва дар ин марҳила дар бораи барномаи ҳастаӣ суҳбат нахоҳад шуд.
Ӯ дар бораи таваққуфи ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон гуфтааст: «Ин дар матни тафоҳум вуҷуд дорад».

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки дар тавофуқи эҳтимолӣ баҳсе дар бораи тангаи Ҳурмуз вуҷуд надорад ва чигунагии идораи ин танга марбут ба кишварҳои соҳилӣ мешавад.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир барномае барои сафари ҳайати эронӣ ба Покистон вуҷуд надорад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий