< Парвандаи зане, ки барои тиҷорати худ мардеро фиреб дод: 30 ҳазор долларашро хӯрд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Парвандаи зане, ки барои тиҷорати худ мардеро фиреб дод: 30 ҳазор долларашро хӯрд

Парвандаи зане, ки барои тиҷорати худ мардеро фиреб дод: 30 ҳазор долларашро хӯрд
Дар ноҳияи Истаравшан алайҳи як зани 27 - сола парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, ин зан соли ҷорӣ як ҳаммаҳали 59 - солаи худро ба баҳонаи ривоҷ додани тиҷораташ маблағи калон гирифта, дигар барнагардондааст.

"Бо баҳонаи тиҷорат 100 ҳазор сомонӣ ва 19 ҳазор доллар гирифтааст", - омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро манбаъ зикр накардааст, танҳо гуфта шудааст, ки нисбати гумонбаршуда тибқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бояд гуфт, ки дар сурати исбот шудани гуноҳи ин зан ӯ аз 8 то ба 12 соли зиндон маҳкум мешавад ва ӯ ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда пардохт хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсия як зани дигар, сокини 33 - солаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки дар қаллобӣ ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешавад.

Ӯ ба боварии ҷавони 26 ва падараш марди 50-солаи сокинони ноҳияи Ашт даромада, аз онҳо 640 ҳазору 773 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халкии Хитой маҳсулоти меваи хушк оварда медиҳад.

Ҳамзамон, боздоштшуда ҳамзамон бо баҳонаи аз Чин овардани маҳсулоти меваи хушк боз аз ду нафари дигар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор доллар гирифтааст.

Маблағи дар умум гирфитаи зан 2 миллиону 103 ҳазору 273 долларо ташкил медиҳад.

ВУД Тоҷикистон таҳқиқи ҳар ду ҳодисаро идома дорад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий