Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садама маргбор ахиран дар роҳи мошингарди “Кучкак-Исфара-Гулистон” рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” 68-сола, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Кучкак-Исфара-Гулистон” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “ГАЗ-330210”, бархӯрдааст.
ВУД Тоҷикистон бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷаи ин садама, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 68-сола ва набераи хӯрдсолаш, ки, соли таваллудаш 2011 будааст, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, мусофирони ин мошин, як зани 58-сола, як ҷавондухтари 27-сола ва писари сесола, ки ҷароҳат бардошанд, низ аъзои ин хонавода ҳастанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “ГАЗ-330210” низ дар ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)