< Тағйири ҷанҷолӣ дар Киев: Зеленский вазири дифоъро барканор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағйири ҷанҷолӣ дар Киев: Зеленский вазири дифоъро барканор кард

Тағйири ҷанҷолӣ дар Киев: Зеленский вазири дифоъро барканор кард
​Ба гузориши рӯзномаи «Гардиан» (The Guardian), ин тасмим дар чорчӯби бозсозии ҳукумати Украина гирифта шудааст. Пеш аз ин, бархе аз шарикони ғарбии Киев ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Украина аз Зеленский хоста буданд, ки Фёдоровро дар мақомаш нигоҳ дорад.

Майкл Макфол, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар Русия, низ аз ҷумлаи афроде буд, ки аз Зеленский хоста буд Фёдоровро аз вазифааш барканор накунад.

Фёдоров дар паёме дар шабакаи «Телеграм» навиштааст, ки хизмат ба мардуми Украина барои ӯ «ифтихори бузург» будааст. Ӯ дар давраи раҳбарии Вазорати дифоъ барои талошҳо дар самти ислоҳоти сохторӣ ва коҳиши фасод мавриди ситоиш қарор гирифта буд.
Ба навиштаи рӯзномаи «Гардиан», шаш моҳи фаъолияти Фёдоров ҳамзамон бо беҳбуди қобили таваҷҷуҳи мавқеи Украина дар ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи Русия будааст. Дар ин давра, неруҳои украинӣ чандин бор зербиноҳои энержии Русия, аз ҷумла полоишгоҳҳои нафтро ҳадаф қарор доданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Фёдоров дар ҳайати ҳукумати Зеленский мақоми дигаре хоҳад гирифт ё не. Барканории ӯ чанде пас аз истеъфои Юлия Свириденко, нахуствазири Украина, сурат гирифтааст. Зеленский пештар гуфта буд, ки ҳукумати кишвар ба бозсозӣ ниёз дорад.
Тибқи гузоришҳо, барканории Фёдоров бо вокунишҳои интиқодӣ аз ҷониби ҷонибдоронаш рӯбарӯ шудааст. Ин тасмим ҳамчунин, дар ҳоле гирифта мешавад, ки овозаҳо дар бораи ихтилофи назар миёни ӯ ва Александр Сирский, фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Украина, афзоиш ёфтааст.

Сергей Стерненко, яке аз ҳамкорони Фёдоров, дар паёме аз ин тасмим интиқод карда, навиштааст, ки «ислоҳоти воқеӣ ҳанӯз оғоз нашудааст». Ирина Герашенко, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Зеленский низ ин иқдомро зери суол бурдааст.
Ҳамзамон, Артем Бронжуков, муовини мудири андешкадаи украинии «Политика», тағйири пайдарпайи вазирони дифоъ дар шароити ҷанги густурда бо Русияро «ғайриодӣ» хонда ва гуфтааст, ки Фёдоров дар муддати кӯтоҳ тавонист вазъиятро дар ҷабҳаҳои ҷанг беҳтар кунад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий