< Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
​Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, дар марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли консентрати оҳан ва ғелаки оҳан ба роҳ монда мешавад.
Ба андешаи Пешвои миллат, бо оғози фаъолияти марҳалаи дуюм истеҳсоли оҳани аввалия ё тозашуда, хӯлаи оҳанӣ ва арматура оғоз гардида, дар Тоҷикистон бори аввал занҷираи пурраи истеҳсолоти металлургияи сиёҳ — аз истихроҷи маъдан то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ташаккул меёбад.

Президенти мамлакат изҳор  доштанд, ки ба масъулони корхона супориш дода шудааст, то дар доираи имконияти мавҷуда корҳои сохтмони марҳалаи дуюмро аз ҳамин рӯз оғоз намоянд.

Таъкид гардид, ки дар ин ҳолат имконияти як сол пештар ноил шудан ба ҳадафҳои гузошта ва ба роҳ мондани истеҳсоли арматура барои таъмини бозори дохилии мамлакат бо ин намуди маҳсулот фароҳам мегардад.

Пешвои миллат аз пешрафти корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, боварӣ баён карданд, ки масъулон аз иҷрои вазифаҳо сарбаландона баромада, моҳи сентябри соли 2028 корхона аввалин маҳсулоти тайёрро пешкаши сокинони мамлакат мегардонад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий