Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Умон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду давлат барои густариши робитаҳои дуҷониба шароити мусоидро барои татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба вуҷуд овардааст.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии ду кишвар, тақвияти робитаҳои байниидоравӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, дастгирии ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ, ташкили сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони бахши хусусӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷониби умонӣ ҳамчунин рӯнамои Стратегияи миллии рушди Салтанати Умон таҳти унвони «Чашмандози Умон 2040"-ро пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки ҳадафҳо ва самтҳои асосии ин стратегия, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории байналмилалӣ имконоти навро барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон фароҳам месозанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи муколамаи мунтазам, густариши ҳамкории амалӣ ва татбиқи ташаббусҳое, ки ба манфиатҳои ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд, омодагӣ баён намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқот ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Умон такони тоза хоҳанд бахшид.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)