< Озодии қариб 4 ҳазор маҳбус аз 12 зиндону боздоштгоҳ. Дар Тоҷикистон зиндониёни афвшударо раҳо мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Озодии қариб 4 ҳазор маҳбус аз 12 зиндону боздоштгоҳ. Дар Тоҷикистон зиндониёни афвшударо раҳо мекунанд

Озодии қариб 4 ҳазор маҳбус аз 12 зиндону боздоштгоҳ. Дар Тоҷикистон зиндониёни афвшударо раҳо мекунанд
Бар асоси қонуни нави афв, ки чанде пеш қабул шуд, боз 3 ҳазору 912 кас, аз ҷумла, 126 ноболиғ ва 53 зан аз чанд муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд.

Дар як гузориши ахири ТВ «Тоҷикистон» зикр шуд, ки ин зиндониён аз  маҳбасҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ ба озодӣ баромадаанд.

Аз ҷумла, рӯзи 10-уми июл аз зиндони маъруф ба «Якум советский"-и шаҳри Душанбе 1 ҳазору 36 зиндонӣ афв ва пеш аз муҳлат озод шудаанд. Ҳамчунин аз Тафқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 дар пойтахт 225 каси дигар, аз ҷумла 12 зан, 9 ноболиғ ба озодӣ баромадаанд. Дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/7 дар Душанбе аз миёни 418 маҳбус, 62 тан озод ва муҳлати ҷазои 232 касро кам кардаанд.
Инчунин дар Муассисаи тарбиявии 3/12-и пойтахт, ки 145 ноболиғ адои ҷазо мекардаанд, 114 нафар озод ва муҳлати ҷазои 31 кас кам шудааст.

Тибқи қонуни нави афв, аз зиндони маъруф ба «Кирпичний» ё Муассисаи ислоҳии № 3/2 дар шаҳри Ваҳдат 273 маҳбус ба озодӣ баромадаанд. Аз Муассисаи ислоҳии 3/1 дар ин шаҳр низ 120 зиндонии дигарро озод кардаанд.

Ҳамчунин аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки маҳбаси низомаш пурзӯр аст, 891 зиндонӣ, аз ҷумла 10 шаҳрванди хориҷӣ ба озодӣ баромадаанд. Инчунин муҳлати ҷазои 1 ҳазору 350 маҳбуси ин зиндон кам карда шудааст.
Аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Хуҷанд 506 зиндонӣ бар асоси қонуни нави афв озод шудаанд. Аз Тафқифгоҳи тафтишотии 9/9 дар ин шаҳр 60 маҳбус пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадаанд.

Инчунин аз Муассисаи ислоҳии 9/5 дар Истаравшан 28 зиндониро озод кардаанд. Аз Муассисаи сукунатии шаҳри Хуҷанд бошад, 589 кас аз адои минбаъдаи ҷазо, озод шудаанд.

Дар вилояти Суғд бар асоси қонуни афв, 41 зан ва 3 ноболиғ аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ баромадаанд.
Аз Тафқифгоҳи тафтишоти 9/3 дар шаҳри Хоруғ низ, 8 маҳбус пеш аз муҳлат озод шудаанд.

Намогирифт аз гузориши ТВ «Тоҷикистон»

Пештар аз ин, рӯзи 6-уми июл, бар асоси қонуни нави афв, 2 ҳазору 979 нафар, аз ҷумла, 297 зан аз чанд зиндони Тоҷикистон озод шуда буданд.
Он замон Идораи зиндонҳои кишвар гуфт, ки ин зиндониён аз маҳбасҳои шаҳри Норак, Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва Дӯстӣ ба озодӣ баромаанд.
Қаблан як манбаъ аз зиндони Норак, ки барои маҳбусони зан аст, ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки 297 кас аз ин маҳбас ба озодӣ баромада, «ҳамакнун дар зиндони Норак 219 маҳбус монданд ва аз муҳлати зиндони ҳамаи онҳо 3 солӣ кам шудааст».

Ба иттилои як манбаъи дигари «Азия–Плюс» аз зиндони Ёвон 1 ҳазору 148 маҳкумшудаи афвшуда ба озодӣ баромадаааст. Ба қавли як манбаи мо, аз зиндони шаҳри Бохтар ҳам 70 зиндонӣ ба озодӣ баромадаанд. Вале дар хабари расонаҳои давлатӣ ба ин маҳбас ишорае нашудааст. Қонун «Дар бораи авф» 16-уми июни соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул карданд, ҳамон рӯз он аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон имзо ва чанд рӯз баъд дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шуд. Тибқи он, давоми ду моҳ 18 ҳазору 38 маҳкумшуда, ки аксарашон дар зиндон адои ҷазо мекунанд, ба озодӣ мебароянд ва ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад.

Сарчашма: plus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий