< “Дафъ Шав, Ҳайвон!” видеои бадрафторӣ ба як духтар дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Дафъ Шав, Ҳайвон!” видеои бадрафторӣ ба як духтар дар Душанбе

“Дафъ Шав, Ҳайвон!” видеои бадрафторӣ ба як духтар дар Душанбе
Дар канали Okolo_TJK дар шабакаи Инстаграм видеое нашр шудааст, ки дар як наврас, ки дӯстонаш ӯро ҳаво медиҳанд, ба ду духтар дар кӯча наздик шуда, аз қафо ба узви маҳрами бадани яке аз онҳо як шаппотӣ мезанад. Духтар аз ин зарбаи ногаҳонӣ як қад парида, ба тарафи он писар лагаду мушт андохта мегӯяд: "Дафъ шав, ҳайвон!” Дӯстони писар, ки ин лаҳзаҳоро ба навор мегирифтанд, бо ханда кебидани ӯ пеш аз ҳамла дида, мегуфтанд, ки "Метарсад...” Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон як маъракаи мубориза бо бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон идома дошта, дастикам 13 нафарро бо ин ҷурм ҷаримаву ҳабс кардаанд.
Дар видеое, ки дар канали Okolo_TJK дар шабакаи Инстаграм нашр шудааст, дида мешавад, ки чанд наврас як дӯсти худро ҳаво додаанд, то "адаб”-и як духтареро, ки дар тан шими танги аврупоӣ дорад, бидиҳад. Наврас кебида-кебида ба он духтар, ки ҳамроҳи як дугонааш дар яке аз кӯчаҳои Душанбе сайругашт дошт, наздик мешавад.
Дӯстони писар кебидани ӯро дида, бо ханда шарҳ медиҳанд, ки "Метарсад...”
Аммо наврас билохира ба он ду духтар наздик шуда, ба узви маҳрами бадани духтари шимпӯш аз қафо як шаппотӣ мезанад. Духтар аз ин зарбаи ногаҳонӣ як қад парида, ба он писар ҳамла мекунад ва ба тарафаш мушту лагад андохта, мегӯяд: Дафъ шав, фаҳмидӣ? Ҳайвон!”
Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки чанд моҳ боз бар асоси шикояти афзояндаи занону духтарон дар пойтахти Тоҷикистон як маъракаи густардаи мубориза бо бадрафтории мардону наврасон нисбат ба занону духтарон идома дорад. Дар шаҳрдории Душанбе бо ҷалби намояндагони мақомоти гуногун, аз ҷумла ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ як гуруҳи кории махсус низ ташкил шудааст.
Дар моҳҳои охир бар асоси чунин видеоҳо ва аксҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуданд, чандин нафар, асосан ронандагони таксиҳоро барои бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон боздошт ва ҷаримаву ҳатто ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд.
Генерал Шариф Назарзода, сардори РВКД Душанбе ду ҳафта пеш дар як ҷаласа бо кормандони нақлиёти пойтахт муносибати дағали бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ҳаракатҳои майдаавбошона, таҳқири занону бонувон ва духтарони ҷавон аз ҷониби ронандагонро як масъалаи ташвишовар номид ва гуфт, бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо фармони махсуси роҳбарияти мақомоти милитсяи пойтахт гурӯҳҳои махсуси оперативии корӣ таъсис дода шуда, ҳамрӯза дар дохили нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъятӣ фаъолият мебаранд.
Генерал Назарзода гуфт, баъди таъсиси гурӯҳҳоии мазкур 13 ҳолати майдаавбошии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми суд ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий