< Гузориши намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Женева » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гузориши намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Женева

Гузориши намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Женева
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Женева ба Созмони Милал гузориш дод, ки дар чанд соли гузашта барои риояи ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум чӣ корҳое анҷом додааст.
Намояндагони ҳукумат дар ҳузури коршиносони байнулмилалӣ дар Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал гуфтанд, ки дар панҷ соли гузашта музди кори миёнаи мардум аз 442 сомонӣ ба ҳазору 540 сомонӣ расид.
«Ҳуқуқи инсон ҳаматарафа риоят мешавад ва ҳукумат дар ин замина тамоми чораҳоро меандешад,» -- гуфтаанд онҳо.
Гузориши ҳукумат ба Созмони Милал дар бораи иҷрои аҳдномаи байнулмилалӣ дар замоне мувофиқ омадааст, ки ҳукумат барои зери по кардани ҳуқуқи мардум, нотавонӣ дар таъмини шароити муносиб барои кору зиндагӣ ва таъқиби дигарандешон сахт танқид мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий