Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия парвозҳои байналмилалии худро башиддат коҳиш дода, бархеаш парвозҳо ба хориҷро комилан қатъ карда истодаанд. Росавиатсия ба ширкатҳои русӣ тавсия додааст, ки бо ҳавопаймоҳои иҷора ба хориҷ парвоз накунанд. Мақомоти авиатсионии Русия тарс доранд, ки дар пайи эъмоли таҳримоти сангин ба зидди кишвар ба сабаби ҳамлааш ба Украина ҳавопаймоҳоеро, ки дар лизинг қарор доранд, метавонанд дар берун аз Русия мусодира кунанд. Ширкатҳои S7 Airlines, Smartavia, Royal Flight ҳанӯз 5 март парвозҳои байналмилалии худро қатъ карданд.Аз 7 март ширкатҳои ҳавопаймоии Nordwind Airlines ва PegasFly ва аз 8 март «Аэрофлот», «Россия», «Аврора», «Победа» ва AZUR air низ парвозҳои байналмилалиашонро манъ мекунанд. Аз ин шумор ду ширкаташ: S7 Airlines (Сибир) ва Nordwind Airlines (Северний Ветер) байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон низ моҳона даҳҳо парвоз анҷом медоданд ва рафтани онҳо аз ин бозор метавонад боиси камбуди шадиди чиптаи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баракс ва ҳам боиси башиддат боло рафтани нархи чиптаҳо шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мавсими нави сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия тоза авҷ мегирад. Дар баҳори соли 2021, вақте ки Русия марзҳои худро баъди авҷи пандемия дубора кушод, нархи парвозҳо ба Русия аз Тоҷикистон то 1500 доллар ба осмон хеста буд. Интизор меравад, ки агар лағви парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия байни шаҳрҳои ин кишвар ва Тоҷикистон авҷи боз ҳам бештар бигирад, он вазъияти як сол пеш рӯйдода метавонад дигарбора такрор шавад ва нархи чиптаҳои парвоз ва умуман сафар ба Русия аз нав ба осмон бихезад. Баъди 8 март чанд ширкати ҳавопайоии Русия ба парвозҳои байналмилалии худ давом медиҳанд. Аз ҷумла ширкатҳои:
Комментарии (0)