КОРТҲОИ VISA ВА MASTERCARD АЗ ИН БА БАЪД ДАР БЕРУН АЗ РУСИЯ КОР НАМЕКУНАНД
Ҳазорон нафар аз муҳоҷирон ва наздикони онҳо низ аз ин кортҳо истифода мебурданд ва табиист, ки ин ҳолати пешомада ба мардуми муҳоҷир низ таъсири манфӣ мерасонад.
Сбербанк ва Алфабанк гуфтаанд, онҳое, ки корти “Мир” доранд, метавонанд аз он ҳамчунон дар чанд кишвар (туркия, Ветнам, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон, Имороти Араб, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) истифода баранд.
“Ҳамаи кортҳои муштариёни Сбер кор мекунанд. Бо онҳо метавон дар қаламрави Русия амалиёт анҷом дод — пул гирифт, пул интиқол дод, дар мағозаҳои оффлайн ва мағозаҳои интернетии ватанӣ пардохт кард. Чунки тамоми партохтҳо дар дохили Русия тавассути шабакаи ватании НСПК сурат гирифта, аз низомҳои пардохти хориҷӣ вобаста нестанд. Аммо пардохтҳо дар хориҷ ва дар мағозаҳои интернетии хориҷӣ бо кортҳои русие, ки Visa ва MasterCard баровардаанд, маҳдуд карда мешаванд. Мо ба сокинони Русия тавсия медиҳем, ки дар вақти дар хориҷа қарор доштан, аҳ пеш миқдори лозими пули нақд бигирианд ва бо пули нақд хароҷоти калонашон (пули меҳмонхона, пули чипта)ро пардохт кунанд”,
Альфа-Банк“Мо алакай дар масъалаи баровардани кортҳои UnionPay бо шабакаи миллии пардохтҳои Хитой кор карда истодаем. Бо ин кортҳо метавон дар 180 кишвари дунё пул пардохт кард “,
Комментарии (0)