< ҲАБСИ СОБИҚ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН МУРАТ БЕКТАНОВ БАРОИ БЕАМАЛӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲАБСИ СОБИҚ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН МУРАТ БЕКТАНОВ БАРОИ БЕАМАЛӢ

ҲАБСИ СОБИҚ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН МУРАТ БЕКТАНОВ БАРОИ БЕАМАЛӢ
Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистон Бектанов рӯзи 20 феврал бо иттиҳоми беамалӣ дар рӯзҳои эътирозҳои хунини моҳи январ ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 феврал дар сомонааш Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод.
 “19 феврали соли 2022 Додситонии кул нисбат ба вазири собиқи мудофиа Бектанов Мурат Қорибоевич тафтиши пешаздодгоҳиро бар асоси моддаи 452 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон дар масъалаи беамалиаш ҳангоми адои хидмат  шурӯъ кард. Рӯзи 20 феврали соли 2022 Бектанов М.К. боздошт шу два бо гумони содир кардани ин ҷиноят ба тавқифгоҳ андохта шуд. Маълумоти аз ин бештар ба хотири тафтишот нашр карда намешавад”— гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти додситонӣ.
Бектанов алакай дуюмин узви собиқи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар робита ба ҳодисаҳои аввали моҳи январ дастгир мешавад. Ҳанӯз дар ҳамон рӯзҳои эътирозҳо Карим Масимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳамроҳи ду муовинаш боздошт шуд. Ӯро ба хи1нат ба давлат, сӯиистифода аз мансаб ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат айбдор мекунанд.




Комментарии (0)

Оставить комментарий