< Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон

Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти президент.

Роҳбари ҷумҳурӣ нақша дорад, ки бо шароити зиндагии мардум аз наздик ошно шуда, чанд иншооти таъиноти гуногунро боз кунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолии вилояти Хатлон доир кунад.

Ёдовар мешавем ин дуввумин сафари Эмомалӣ Раҳмон давоми моҳи ҷорӣ ба Хатлон аст.

Президент баробари ворид шудан ба вилоят дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро ба истифода додааст.

Гуфта мешавад, ин марказ аз ҷониби ҳукумат дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.

Маркази перинаталии нав дорои 90 кати хоб буда, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ба кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии тиббӣ мерасонанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com


Комментарии (0)

Оставить комментарий