Баҳси Убайдуллоев ва Файзов бар сари фармони президент Раҳмон
Дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 11 июл ҳангоми баррасии номзад ба узвияти Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки ба намояндагӣ аз ВМКБ ба ин мақом таъйин шудааст, баҳсе ба миён омад. Вақте ки фармони додраси Додгоҳи конститутсионӣ таъйин шудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо қироат шуд, Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ин судя дар додгоҳ аз вилояти Бадахшон намояндагӣ мекунад, аммо вай ба унвони роҳбари вилоят дар ин бора огаҳӣ надорад.
Раҳбари Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар посух ба ин гуфт, ки таъйини судяҳо дар ҳама намудҳои додгоҳҳои кишвар дар ихтиёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст: “Ин танҳо салоҳияти президенти Тоҷикистон аст, ки онро Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар кардааст. Ҳамон тавре, ки яке аз муовинони ман ҳатман бояд аз вилояти Бадахшон бошад. Маҷлиси миллӣ танҳо фармонҳои раиси ҷумҳури кишварро тасвиб мекунад. Президенти кишвар тибқи салоҳияти худ нафари мавриди назарашро ба ин ё он вазифа таъйин мекунад”.
Ба ин баҳс Зариф Ализода, намояндаи комилҳуқуқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ пайваст ва низ шарҳ дод, ки дар ин маврид қонунгузории кишвар нақз нашудааст.
Аммо Ёдгор Файзов иддао дошт, ки механизми таъйин намояндаи вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон риоя нашудааст. Бо ин вуҷуд, дар ниҳоят бо бештаре аз раъйи вакилони Маҷлиси миллӣ Ҷамшедзода Ҷамшед ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон таъйин шуд.
Зимнан, баҳси раис ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ дар палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ҳодисаи бесобиқа унвон мешавад, зеро маъмулан вакилони Маҷлиси миллӣ бидуни баҳсе қонунҳои тасвибшуда дар Маҷлиси намояндагонро қабул мекунанд. Чунончӣ, фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйини Шарифзода Асрор Нор ба вазифаи узви Суди Конститутсионии Тоҷикистон дафъатан пас аз кироаташ аз тарафи 28 вакили ҳозир дар толор бе ягон ҳарфе пазируфта шуд.
Дар поёни ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллӣ аз баҳсе, ки миёни ӯ ва раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов дар иҷлосия бархост, истиқбол намуд ва вакилони дигари маҷлиси миллиро барои сукуту бетарафӣ дар баҳсу машваратҳо накуҳиш кард. Вай бо ишора ба ин баҳс ба вакилони дигари маҷлис рӯ овард ва гуфт “аз хомушии вакилон нигарон ҳастам ва ин аст камбудии шумо ва лаббастагии шумо нишон медиҳад, ки аз моҳияти масъала дур астед. Маҷлиси миллӣ ҷои баҳсу машварат аст”.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 11-уми июл гуфт дар баҳси раис ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ ҳаққ бар ҷониби ҳарду аст. Зеро, қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон бидуни машварат бо касе афроди алоҳидаро ба вазифаи судияи Суди конститутсионӣ таъйин мекунад. “Вале дар сархати Қонуни асосии Тоҷикистон омадааст, ки кишвари мо демократӣ мебошад. Пас, мақомот вазифадоранд, ки арзишҳои демократӣ ва мардумсолориро риоя кунанд. Фикр мекунам, ҳеҷ мушкиле набуд, агар раиси ҷумҳур номзадии нафареро ба ин вазифа нахуст бо мақомоти вилоят матраҳ мекард. Он вақт ҳеҷ зарурате набуд, ки ин баҳс ба сатҳи Маҷлиси миллӣ кашида шавад. Магар дар Бадахшон мушкилот кам аст? Бо чунин рафтор мо метавонем мушкилоти ин минтақаи Тоҷикистонро бештар созем,” -- гуфт хонум Бобоназарова.
Зимнан, Ёдгор Файзов рӯзи 4 марти соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ёдгор Файзов дар курсии порлумон ва раиси вилоят ҷойгузини Шодихон Ҷамшед, раиси собиқи ин вилоят шуд. Шодихон Ҷамшед то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор карда, баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд. Маҷлиси Миллӣ қарору қонунҳои аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвибшударо тасдиқ мекунад ва ҳамчунин салоҳияти таъину барканории раҳбарону додрасҳои Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳ олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро дошта, таъин ва барканории додситони кулл ва муовинони ӯ низ бо ризоияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат мегирад. Аз замони таъсисаш дар соли 2000 раёсати Маҷлиси Миллиро Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.
https://www.ozodi.org/a/duspute-erupted-on-the-presidential-decree/30049505.html
Комментарии (0)