Ҳалокати беш аз 40 нафар дар ҳамла ба як маркази паноҳҷуён дар Либия
Мақомоти Либия зарбаҳои ҳавоиро кори "Артиши миллии Либия" ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар номиданд, ки аз моҳи апрели соли равон ҳамларо ба шаҳри Троблус оғоз кардааст.
Ба иттилои ҳукумати Либия, бештари кушташудаҳо гурезаҳои африқоие буданд, ки мехостанд тариқи ин кишвар худро ба Аврупо расонанд.
Намояндаи Хадамоти изтирории Либия дар суҳбат бо хабаргузории Франс-Пресс гуфт, яке аз бомбҳо ба иншооте афтидааст, ки дар дохили он 120 нафар ҳузур доштанд.
Артиши миллии Либия даст доштани худро дар ҳамла рад кард. Аз аввали моҳи апрели соли равон дар натиҷаи ҷангҳо барои контроли шаҳри Троблус беш аз 500 кас кушта шуда, 75 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.
https://www.ozodi.org/a/30034685.html
Комментарии (0)