Боздошти модари Худоёров пеш аз вуруди президент ба Навобод
Мақомоти пулис дар ноҳияи Рашт то ба ҳол сабаби боздошти Мавҷигул Ғарибоваро шарҳ надодаанд.
Мавҷигул Ғарибова мегӯяд, қасд дошт ҳамроҳи мардуми Рашт ба пешвози президент барояд, аммо ба хотири он, ки дар бораи фарзандаш суоле матраҳ накунад, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбеи 24-уми июн бо сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба минтақаҳои водии Рашт рафт. Қарор аст аст оқои Раҳмон имрӯз бо сокинони ноҳияи Рашт мулоқот кунад.
Мавҷигул Ғарибова субҳи бармаҳали 26-уми июн аз дохили боздоштгоҳи пулис ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман нияти суол кардан додан надоштам, лекин инҳо (манзур кормандони пулис РО) маро аз байни мардум боздошт карданд ва дар милисахона маҳкам намуданд".
Вақте Мавҷигул Ғарибова бо телефон бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, садои кормандони милиса баланд шуд. Зоҳиран Мавҷигул Ғарибова гӯшии телефонро ба яке аз кормандони милиса дод, аммо корманди пулис бо баёни чизе, дафъатана телефонро хомӯш кард.
Талошҳои мо барои дарёфти назари кормандони пулиси Рашт бенатиҷа буд ва онҳо ҳозир нашуданд дар мавриди боздошти Мавҷигул Ғарибова сӯҳбат кунанд. Бо вуҷуди зангҳои пайдарпай, телефони Мавҷигул Ғарибова ҳам хомӯш шуд.
Боздошти модари Ҷунайдулло Худоёров дар ҳолест, ки худи ӯ аз якуним сол ба ин тараф дар зиндон ба сар мебарад. Ӯ ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ бархе аз сокинонро пеш аз сафари президент ба минтақаҳо, барои муддати кӯтоҳ боздошт мекунанд.
https://www.ozodi.org/a/30020784.html
Комментарии (0)