< Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони андоз ва додситониро ҷо ба ҷо кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони андоз ва додситониро ҷо ба ҷо кард

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони андоз ва додситониро ҷо ба ҷо кард
Раисиҷумҳури Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва андоз тағйироти кадрӣ амалӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон чанде аз додрасҳоро аз вазифа озод ва муовинони раиси Кумитаи андозро таъйин кард.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан, дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав, Раҳмонзода Маҳмад, Ҳаким Рухшона ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом, Маликзода Нарзулло, Меликзода Қаъбатулло муовинони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий