Коршинос Мамадазимов: Теҳрону Душанбе мехоҳанд равобити сардро паси сар кунанд

Ба гуфтаи Абдуғани Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ, манфиати Эрону Тоҷикистон ду кишварро маҷбур сохтааст аз ранҷишҳои гузашта фаромуш намоянд
Дар аввали моҳ сафари кории Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Теҳрон анҷом ёфт. Вазири тоҷик бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва бо ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф дидору гуфтугӯ кард.
Коршиноси тоҷик таъкид намудааст, ки дар дидору млоқотҳои вазири тоҷик бо мақомоти баландпояи Эрон муҳим он аст, ки дидору гуфтугӯҳо дар фазои дӯстӣ анҷом ёфтанд. Ин ҳам дар ҳолес, ки дар тӯли 4 соли ахир мақомотҳои ду кишвар як дигарро дар даст доштани ҳар гуноҳ айбдору таҳқир мекарданд.
Вай афзуд, ки акнун рӯзе расидааст, ки Эрону Тоҷикистон ҳамкории судманди мутақобилро ба роҳ монанд, чун ин иқдом ба нафъӣ ҳар ду кишвар аст, қайд намудааст коршинос Абдуғани Мамадазимов.
“Аз кишвари мо дар ин давра тамоми сармоягузорони Эронӣ рафтанд. Ҳоло мо барои ҷалби сармоя манфиатдорем. Эрон кушиш дорад ба созмони ҳамкории Шанхай дохил шавад ва ин бештар аз мавқеи Тоҷикистон вобастагӣ дорад . Ҳар ду тараф барои сулҳ манфиатдор ҳастанд. Имрӯз Эрон ва Тоҷикистон кушиш доранд равобитро дубора барқарор намоянд ва аз равобити сард ба равобити судманд гузаранд”, - зикр намуд Мамадазимов.
Комментарии (0)