< Намояндагони Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро назорат хоҳанд кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Намояндагони Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро назорат хоҳанд кард

Намояндагони Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро назорат хоҳанд кард
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад

Намояндагони Тоҷикистон шомили маъмурияти назораткунандагони интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон шуданд.

Бино ба иттилоъи кумитаи марказии интихоботи ҶТ, Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИ ва Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи КМИ шомили маъмурияти назораткунандагони кумитаи иҷроияи ИКҲ шуданд.

Ҳамчунин, Амрихудо Дамдор, намояндаи маҷлиси пойини порлумони ҶТ низ дар таркиби маъмурияти маҷмӯъи миёнпорлумонии ИКҲ интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистонро назорат хоҳад кард.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий