< Маҷмаи Умумии СММ аъзои ғайридоимии Шӯрои амниятро барои солҳои 2020-2021 интихоб намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маҷмаи Умумии СММ аъзои ғайридоимии Шӯрои амниятро барои солҳои 2020-2021 интихоб намуд

Маҷмаи Умумии СММ аъзои ғайридоимии Шӯрои амниятро барои солҳои 2020-2021 интихоб намуд
Нигер, Тунис, Ветнам, Сент-Винсент ва Гренадинҳо, инчунин Эстония аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои солҳои 2020-2021 интихоб гардиданд. Дар ин бора дирӯз раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ Мария Фернанда Эспиноса эълон кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, интихоби аъзои ғайридоимии Шӯрои амният дар Маҷмаи Умумии СММ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифт.

Панҷ кишвари тозаинтихоб 1 январи соли 2020 дар Шӯрои амнияти СММ Гвинеяи Экваториалӣ, Полша, Перу, Кувайт ва Кот-д’Ивуарро иваз мекунанд.

Шӯрои амнияти СММ аз панҷ аъзои доимӣ — Россия, ИМА, Чин, Британияи Кабир ва Франсия, инчунин аз 10 аъзои ғайридоимӣ, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба муҳлати ду сол интихоб мегарданд, иборат аст. Ваколати панҷ аъзои ғайридоимии кунунӣ — Бельгия, Ҷумҳурии Доминикан, Олмон, Индонезия ва Африқои Ҷанубӣ 31 декабри соли 2020 ба итмом мерасад. Мувофиқи муқаррарот, Маҷмаи Умумии СММ барои интихоби панҷ аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҳамасола интихобот мегузарад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий