Ҳавопаймои эронӣ бо 90 мусофир ба Тоҷикистон омад
Ҳавопаймои як ширкати эронӣ бо навад мусофир рӯзи 6-уми июн ба Душанбе омад ва бо ҳамин пас аз "танаффус"-и чандмоҳа парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Эрон дубора барқарор шуд.Баъд аз қатъи парвозҳои ширкати "Осмон Эйр"-и Эрон ва ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудани ширкати "Тоҷик Эйр", дигар ягон парвоз ба самти Эрон анҷом намешуд.
Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш ба ширкати "Вориш Эйрлайнз"-и Эрон иҷоза доданд, ки дар масири Машҳад-Душанбе ҳаракат кунад.
Ҳавопаймои "Вориш Эйрлайнз" баъд аз зуҳри панҷшанбе даҳҳо мусофирро аз Тоҷикистон ба Эрон бурд, ки дар миёнашон футболбозони то бистсолаи тоҷик ҳам буданд. Мусофиронро бо гулу ширинӣ ба Машҳад гусел карданд, ҳамон тавр ки мусофирони эрониро дар Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Комментарии (0)