< Дипломати рус: Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дипломати рус: Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад

Дипломати рус: Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад
​Гончар рӯзи душанбе дар суҳбат бо шабакаи «РИА Новости» изҳор дошт, ки баъзе кишварҳои аврупоӣ аз эҳтимоли таҳдиди Русия ба НАТО барои асоснок кардани афзоиши хароҷоти низомӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии худ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, «Русия на хоҳиш ва на далеле барои ҳамла ба Белгия ё ҳар кишвари дигари НАТО дорад». Дипломати рус афзуд, ки бузург нишон додани чунин таҳдидҳо ба гуфтаи ӯ барои «асоснок кардани низомисозии босуръат» ва афзоиши хароҷоти низомӣ сурат мегирад.
Гончар ҳамзамон ба афзоиши буҷети низомии Белгия ишора кард. Ӯ гуфт, ки хароҷоти низомии ин кишвар аз тақрибан 8 миллиард евро дар соли гузашта ба наздики 13 миллиард евро расидааст, ки баробар ба 2 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар мебошад.

Сафири Русия, инчунин, гуфт, ки ҳукумати Белгия ҳаҷми умумии хароҷоти низомиро барои соли ҷорӣ 3,44 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, 2,01 дарсади ин нишондиҳанда мустақиман ба хароҷоти мудофиа рост меояд.

Изҳороти Гончар дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоии узви НАТО дар солҳои охир, бахусус пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, ба афзоиши хароҷоти мудофиа ва тақвияти иқтидори низомии худ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий