< Макрон: “Амрико дигар дар масъалаи Украина бетараф нест” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Макрон: “Амрико дигар дар масъалаи Украина бетараф нест”

Макрон: “Амрико дигар дар масъалаи Украина бетараф нест”
​Сомонаи «Юан-ан» навишт: «Макрон шаби панҷшанбе бо ишора ба баёнияи поёнии Гурӯҳи ҳафт дар Эвиани Фаронса изҳор дошт, ки Вашингтон барои нахустин бор матнеро таъйид кард, ки эътироф мекунад Амрико худро миёнҷии бетараф дар ҷанги Украина намедонад, балки худро шарики Киев медонад».

Раиси ҷумҳури Фаронса гуфт: «Лозим аст, ки дар масъалаҳои муҳим Амрикоро дар канори худ дошта бошем. Нишасти Гурӯҳи ҳафт дар Эвиан ин имконро фароҳам кард, ки ба ҳамгароии муҳимме дар мавзеъгириҳои шарикон бирасем».


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий