Беш аз 18 ҳазор маҳкумшуда афв мешаванд. Аз А то Я-и “афви тиллоӣ” дар Тоҷикистон
Дирӯз, 16-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қонуни афвро имзо кард, ки тибқи он давоми ду моҳ 18 ҳазору 38 маҳкумшуда, ки аксарашон дар зиндон адои ҷазо мекунанд, ба озодӣ мебароянд ва ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад. Бо вуҷуди ин, барои гурӯҳе аз маҳбусон маҳдудиятҳо гузошта шудааст ва қонуни афв онҳоро фаро намегирад.
«Азия-Плюс» бархе ҷузъиёти қонуни афвро дарёфт кард ва онро банд ба банд шарҳ медиҳад.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки тибқи қонуни афв, аз ҷумла, 11 ҳазору 305 кас аз зиндону боздоштгоҳ ва ҳабси сукунатӣ раҳо шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мешавад.
Манбаъ гуфтааст, аз 507 зан, ки дар зиндонҳо адои ҷазо мекунанд, 248 тан озод шуда, муҳлати адои ҷазои 259 зани дигар кам карда мешавад.
"
Акси марбут аз asia+
Тибқи иттилои манбаъ, қонуни афв шахсонеро, ки парвандаашон мавриди таҳқиқ аст ё дар баррасии додгоҳ қарор дорад, низ дар бар мегирад.
Манбаъ навиштааст, ки қонун «ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, «ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд».
Раисҷумҳур мақомотро муваззаф кардааст, ки қонун дар бораи афвро дар ду моҳ иҷро карда, зиндониёни раҳошударо бо кор таъмин карда, ноболиғонро ба таҳсил фаро гиранд.
Кӣ аз зиндон озод ва муҳлати ҷазои кӣ кам карда мешавад?Пеш аз имзои раисҷумҳур, ин лоиҳаи қонунро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, палати поёнии парлумон баррасӣ ва қабул карданд. Дар ҷаласаи навбатии парлумон лоиҳаи қонунро ба вакилон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Дар сабти овозие, ки аз рафти ҷаласа дар радиои давлатии «Фарҳанг» нашр шуд, шунида мешавад, ки Воҳидзода зимни шарҳи лоиҳаи қонун дар назди вакилони мегӯяд, «лоиҳаи қонун аз 22 модда иборат буда, меъёрҳои он, ба озод кардан ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон аз ҷавобгарии ҷиноӣ бахшида шудаанд».
Ӯ гуфтааст, ки тибқи талаботи қонун афв, занон, ноболиғон, мардони аз 55 — сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ сафарбар шудаанд, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ, аз адои маҳрумият аз озодӣ ва адои дигар ҷазоҳо озод карда мешаванд.
"
Додситони кул гуфтааст, ки қонун нисбати маҳбусоне, ки бори аввал барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.

Аз додгоҳи ноҳияи Ёвон
«Онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин маҳрум шуда аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Инчунин онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои моддаи 200, қисми 3 ва моддаи 201, қисми 3 КҶ маҳкум шуда, то рӯзи қабули қонуни мазкур аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо карда бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин қонун пешбинишуда, аз адои ҷазо озод мешаванд»,-гуфтааст додситони кул.
Ҳабибулло Воҳидзода, гуфтааст, ки афв нисбати шахсоне, ки бо иттиҳоми «маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта» (моддаи 179, илова 2, қисмҳои 1, 2-и КҶ) маҳкум шудаанд, бо шарте, ки маблағгузорӣ то 1 ҳазор сомонӣ бошад ва касоне, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори кам (дар банди «в», қисми 3, моддаи 200, ё банди «в», қисми 3, моддаи 201-и КҶ) зиндонӣ шудаанд, низ татбиқ мегардад.
"
Ӯ зикр кардааст, ки муҳлати адонакардаи ҷазои маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷиноят аз беэҳтиётӣ нисбаташон ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст, аз ду як ҳисса кам карда мешавад. Инчунин мутобиқи қонун муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна зиндонӣ шудааст аз ду як ҳисса кам карда мешавад.
Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷинояти вазнин зиндон шудаанд, аз се як ҳисса ва ҷинояти махсусан вазнин аз чор як ҳисса кам карда мешавад.

Акси марбут аз asia+
Нисбати киҳо афв татбиқ намешавад?Додситони кул таъкид кардааст, ки дар қонуни афв маҳдудиятҳое низ ҳаст ва муайян шудааст, ки он нисбати кадом гурӯҳи зиндониён татбиқ намешавад.
Ӯ гуфтааст, ки аз ҷумла нисбати онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои хусусияти терористӣ ва эктстремистидошта, ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба зидди сулҳу амнияти инсонӣ содир кардаанд ё маҳкум шудаанд, татбиқ намешавад.
Ҳамчунин, ба маҳбусоне, ки якумра зиндон шудаанд ва қаблан тибқи қонуни афв дар соли 2021 аз ҷавобгарӣ озод шуда, дубора барои содир кардани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ва хавфнок маҳкум шудаанд, низ татбиқ намешавад.
"
Воҳидзода гуфтааст, ки дар қонуни афв бори аввал бардоштани доғи судии шахсоне, ки то рӯзи қабули ҳамин қонун барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содиркарда, низ пешбинӣ шудааст. Додситон гуфтааст, ки ин меъёр дар қонунҳои қаблӣ ҷой надошт.

Аксимарбут аз бойгонии asia+
Тибқи қонуни мазкур, шахсони афвшуда, аз ҷазои иловагӣ ва барқарор кардани товони зарари моддии ба кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
«Яке аз хусусиятҳои хоси лоиҳаи қонун он аст, ки тибқи талаботи моддаи 13-и он муқаррарот нисбати шахсоне, ки дар кофтукоб қарор доранд, бе даъват кардан ва бе розигии чунин шахсон татбиқ карда мешавад»,-гуфтааст додситон.
Додситони кул гуфтааст, ки ин муқаррарот тибқи дастури раисҷумҳур барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ нисбати шахсони мансабдор равона карда шудааст.
Ҳабибулло Воҳизода таъкид кардаст, ки ба рӯйхати беш аз 18 ҳазор маҳкумшуда, ки дар афв дохил шудаанд, дастгиршудаҳо, гумонбарон, айбдоршавандаҳо ва шахсоне, ки дар мақомоти тафтиш, таҳқиқ ва ё дар баррасии додгоҳ қарор доранд, ворид нашудааст. Ӯ иброз доштааст, ки мумкин аст, ки ин рақам дар раванди татбиқи афв зиёд гардад.
Тибқи гуфтаи додситони кул ин нафарон аз ҷазо озод карда мешаванд:
— 4 ҳазору 263 кас аз зиндонҳо;
— 3 ҳазору 50 нафар аз муассисаҳои сукунат;
— 3 ҳазору 258 кас аз раёсатҳои нозироти корҳои ислоҳӣ, ки ба ҷазоҳои маҳрумият аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкум шудаанд;
— 734 кас аз ҷазои ҷаримаи таъиншуда;
— 6 ҳазору 733 маҳкумшуда муҳлати ҷазои адонакардаашон кам карда мешавад.

Акси марбут аз Радиои Озодӣ
Ёдовар мешавем, бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ афви сартосарӣ эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.
Баъд аз ин, танҳо як маротиба, 20-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон «бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон» фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод шуданд.
Сарчашма: asiaplus.news
«Азия-Плюс» бархе ҷузъиёти қонуни афвро дарёфт кард ва онро банд ба банд шарҳ медиҳад.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки тибқи қонуни афв, аз ҷумла, 11 ҳазору 305 кас аз зиндону боздоштгоҳ ва ҳабси сукунатӣ раҳо шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мешавад.
Манбаъ гуфтааст, аз 507 зан, ки дар зиндонҳо адои ҷазо мекунанд, 248 тан озод шуда, муҳлати адои ҷазои 259 зани дигар кам карда мешавад.
"
«Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 тани дигар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад», — омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, қонуни афв шахсонеро, ки парвандаашон мавриди таҳқиқ аст ё дар баррасии додгоҳ қарор дорад, низ дар бар мегирад.
Манбаъ навиштааст, ки қонун «ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, «ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд».
Раисҷумҳур мақомотро муваззаф кардааст, ки қонун дар бораи афвро дар ду моҳ иҷро карда, зиндониёни раҳошударо бо кор таъмин карда, ноболиғонро ба таҳсил фаро гиранд.
Кӣ аз зиндон озод ва муҳлати ҷазои кӣ кам карда мешавад?Пеш аз имзои раисҷумҳур, ин лоиҳаи қонунро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, палати поёнии парлумон баррасӣ ва қабул карданд. Дар ҷаласаи навбатии парлумон лоиҳаи қонунро ба вакилон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Дар сабти овозие, ки аз рафти ҷаласа дар радиои давлатии «Фарҳанг» нашр шуд, шунида мешавад, ки Воҳидзода зимни шарҳи лоиҳаи қонун дар назди вакилони мегӯяд, «лоиҳаи қонун аз 22 модда иборат буда, меъёрҳои он, ба озод кардан ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон аз ҷавобгарии ҷиноӣ бахшида шудаанд».
Ӯ гуфтааст, ки тибқи талаботи қонун афв, занон, ноболиғон, мардони аз 55 — сола боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ сафарбар шудаанд, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ, аз адои маҳрумият аз озодӣ ва адои дигар ҷазоҳо озод карда мешаванд.
"
«Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Дар лоиҳа инчунин аз ҷазо ё адои ҷазо озод кардани маҳкумшудагоне, ки адои ҷазо нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст ё шартан пеш аз муҳлат аз ҷазои маҳрумият аз озодӣ озод шудаанд, низ пешбинӣ гардидааст», — таъкид кардааст Воҳидзода.
Додситони кул гуфтааст, ки қонун нисбати маҳбусоне, ки бори аввал барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.

«Онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин маҳрум шуда аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Инчунин онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои моддаи 200, қисми 3 ва моддаи 201, қисми 3 КҶ маҳкум шуда, то рӯзи қабули қонуни мазкур аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо карда бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин қонун пешбинишуда, аз адои ҷазо озод мешаванд»,-гуфтааст додситони кул.
Ҳабибулло Воҳидзода, гуфтааст, ки афв нисбати шахсоне, ки бо иттиҳоми «маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта» (моддаи 179, илова 2, қисмҳои 1, 2-и КҶ) маҳкум шудаанд, бо шарте, ки маблағгузорӣ то 1 ҳазор сомонӣ бошад ва касоне, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори кам (дар банди «в», қисми 3, моддаи 200, ё банди «в», қисми 3, моддаи 201-и КҶ) зиндонӣ шудаанд, низ татбиқ мегардад.
"
«Ҳамзамон шахсони ба синни 70-солагӣ расида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир кардани баъзе ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд», — иброз доштааст додситони кул.
Ӯ зикр кардааст, ки муҳлати адонакардаи ҷазои маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷиноят аз беэҳтиётӣ нисбаташон ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст, аз ду як ҳисса кам карда мешавад. Инчунин мутобиқи қонун муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна зиндонӣ шудааст аз ду як ҳисса кам карда мешавад.
Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷинояти вазнин зиндон шудаанд, аз се як ҳисса ва ҷинояти махсусан вазнин аз чор як ҳисса кам карда мешавад.

Нисбати киҳо афв татбиқ намешавад?Додситони кул таъкид кардааст, ки дар қонуни афв маҳдудиятҳое низ ҳаст ва муайян шудааст, ки он нисбати кадом гурӯҳи зиндониён татбиқ намешавад.
Ӯ гуфтааст, ки аз ҷумла нисбати онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои хусусияти терористӣ ва эктстремистидошта, ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба зидди сулҳу амнияти инсонӣ содир кардаанд ё маҳкум шудаанд, татбиқ намешавад.
Ҳамчунин, ба маҳбусоне, ки якумра зиндон шудаанд ва қаблан тибқи қонуни афв дар соли 2021 аз ҷавобгарӣ озод шуда, дубора барои содир кардани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ва хавфнок маҳкум шудаанд, низ татбиқ намешавад.
"
«Занон ва ноболиғоне, ки бо асосҳои пешбининамудаи ҳамин қонун аз адои ҷазо озод намегарданд, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумият аз озодӣ новобаста аз маҳдудиятҳои пешбинишуда дар қонуни мазкур, 3 сол кам карда мешавад. Ҳамзамон муҳлати адонагардидаи ҷазои шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои пешбинишуда дар қонуни мазкур аз 1 то 3 сол кам карда мешавад»,-гуфтааст, додситони кул.
Воҳидзода гуфтааст, ки дар қонуни афв бори аввал бардоштани доғи судии шахсоне, ки то рӯзи қабули ҳамин қонун барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содиркарда, низ пешбинӣ шудааст. Додситон гуфтааст, ки ин меъёр дар қонунҳои қаблӣ ҷой надошт.

Тибқи қонуни мазкур, шахсони афвшуда, аз ҷазои иловагӣ ва барқарор кардани товони зарари моддии ба кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
«Яке аз хусусиятҳои хоси лоиҳаи қонун он аст, ки тибқи талаботи моддаи 13-и он муқаррарот нисбати шахсоне, ки дар кофтукоб қарор доранд, бе даъват кардан ва бе розигии чунин шахсон татбиқ карда мешавад»,-гуфтааст додситон.
Додситони кул гуфтааст, ки ин муқаррарот тибқи дастури раисҷумҳур барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ нисбати шахсони мансабдор равона карда шудааст.
Ҳабибулло Воҳизода таъкид кардаст, ки ба рӯйхати беш аз 18 ҳазор маҳкумшуда, ки дар афв дохил шудаанд, дастгиршудаҳо, гумонбарон, айбдоршавандаҳо ва шахсоне, ки дар мақомоти тафтиш, таҳқиқ ва ё дар баррасии додгоҳ қарор доранд, ворид нашудааст. Ӯ иброз доштааст, ки мумкин аст, ки ин рақам дар раванди татбиқи афв зиёд гардад.
Тибқи гуфтаи додситони кул ин нафарон аз ҷазо озод карда мешаванд:
— 4 ҳазору 263 кас аз зиндонҳо;
— 3 ҳазору 50 нафар аз муассисаҳои сукунат;
— 3 ҳазору 258 кас аз раёсатҳои нозироти корҳои ислоҳӣ, ки ба ҷазоҳои маҳрумият аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкум шудаанд;
— 734 кас аз ҷазои ҷаримаи таъиншуда;
— 6 ҳазору 733 маҳкумшуда муҳлати ҷазои адонакардаашон кам карда мешавад.

Ёдовар мешавем, бори охир соли 2021 дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ афви сартосарӣ эълон шуда буд, ки он 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва зиндониро фаро гирифта буд.
Баъд аз ин, танҳо як маротиба, 20-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон «бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон» фармонеро имзо кард, ки тибқи он 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод шуданд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)