Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ҳамла ба як пойгоҳи ҳавоии Амрико хабар дод
Хабаргузории «Тасним» рӯзи панҷшанбе, 28-уми май ба нақл аз Сипоҳ гузориш дод, ки ин ҳамла соати 4:50–и субҳ ба вақти маҳаллӣ анҷом шудааст.
Бар асоси гузориш, Сипоҳ гуфта, ки ин пойгоҳ маншаи «таҷовуз"-и Амрико будааст, аммо дар бораи мавқеи дақиқи он ҷузъиёте ироа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар гузоришҳое аз ҳамлаи неруҳои Амрико ба минтақае дар атрофи Бандар -Аббос нашр шуда буданд.
Сипоҳи Посдорон ҳамчунин, ҳушдор дод, ки ҳеч гуна таҷовуз бепосух нахоҳад монд ва ҳар гуна иқдоми низомӣ бо вокуниши қотеътар рӯбарӯ хоҳад шуд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)